Вопрос № 00904
Аксарияти тоҷикон барои кор кардан ба Русия меоянд ва шаҳрвандии кишвари Русияро ба даст меоранд. Оё бо ин корашон ватанфурӯш ё расму оинфурӯш мисли русҳо мешаванд? Бо ин корашон гунаҳгор мешаванд ё не?
Вопрос:
Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. Аксарияти тоҷикон барои кор кардан ба Русия меоянд ва шаҳрвандии кишвари Русияро ба даст меоранд. Оё бо ин корашон ватанфурӯш ё расму оинфурӯш мисли русҳо мешаванд? Бо ин корашон гунаҳгор мешаванд ё не? Қаблан сипосгузорам.
Саволдиҳанда: Асрор
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ватан меҳри модарро дорад, аз ҳамин сабаб, кори хеле мушкил аст, ки инсон аз модараш ҷудо шавад. Яке аз нишонаҳои комил будани инсон дӯст доштани ватан аст. Албатта гирифтани шаҳрвандӣ дар тамоми кишварҳо роиҷ аст, вале муҳиму асос ин аст, ки инсон урфу одати миллӣ ва динии худро ҳифз намояд, аз ватан ҳамеша ёд кунад ва дар ҳар ҷое, ки бошад, ватан ва эътиқодоти динӣ ва миллии худро ҳимоя кунад, хусусан фарзандонашро дар рӯҳияи анъанаҳои миллӣ ва дини мубини Ислому мазҳаби ҳанафӣ тарбият кунад, чунки ин дини инсонсоз кафили саодати инсон дар ду ҷаҳон аст.