Вопрос № 00909
Домуллои гиромӣ, дар бораи оятҳои мансухи Қуръони карим ба мо маълумот медодед. Миқдори ин оятҳо чандто, дар кадом сураҳо ва оятҳои чандуми ин сураҳо мебошанд?
Вопрос:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Домуллои гиромӣ, дар бораи оятҳои мансухи Қуръони карим ба мо маълумот медодед. Миқдори ин оятҳо чандто, дар кадом сураҳо ва оятҳои чандуми ин сураҳо мебошанд? Ин оятҳо бо нозил шудани кадом оятҳои дигар мансух шудаанд?
Саволдиҳанда Зинатуллоҳ
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, илми носих ва мансух яке аз улуми қуръонӣ ба шумор меравад ва роҷеъ ба он китобҳои зиёде ба забони арабӣ ва форсӣ арзи вуҷуд дорад. Азбаски баёни ин мавзӯъ тафсили бештар мехоҳад, шумо метавонед китобе дар мавзӯи оятҳои носиху мансух аз дӯконҳои китобфурӯшӣ дастрас намуда, маълумоти муфассал ба даст оред.