Вопрос № 00921
Дар бораи майнӯшии Умари Хайём каме маълумот медодед.
Вопрос:
Ассалому алайкум домуллои азиз. Дар бораи майнӯшии Умари Хайём каме маълумот медодед.
Саволдиҳанда: Искандар
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, Умари Хайём яке аз уламо ва донишмандони барҷастаи тоҷик аст, ки дар улуми мухталиф аз худ мероси илмӣ ба ёдгор гузоштааст. Дар рубоъиёте, ки ба ӯ мансуб аст, вожаҳое аз қабили майу маъшуқа ва ғайра истифода шудаанд. Инҳо ҳама истилоҳоти ирфонӣ ҳастанд, ки маънои рамзӣ ва ирфонӣ доранд ва маънои ҳақиқии онҳо мақсуд нест. Аз мутолиаи ин рубоъиёт набояд чунин тасаввур кард, ки Умари Хайём майнӯш будааст, зеро ки ин андешаи ғалат ва гумони бад нисбат ба як олими фарзона аст.