Вопрос № 00933

Ҳукми тамошои силсилафилми туркии "Ҳидоят" ё ин ки "Муллои замонавӣ" дар шариатамон чист?

Вопрос:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам! Ҳукми тамошои силсилафилми туркии "Ҳидоят" ё ин ки "Муллои замонавӣ" дар шариатамон чист?

Саволдиҳанда: Сино

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, аз нигоҳи шариати Ислом бояд мазмун ва моҳияти филм аз ҳар гуна фисқу гуноҳ ва ҳар чизе, ки ба ақоид, дастурот ва одоби исломӣ мухолиф аст, дур бошад. Ҳар филме, ки боиси таҳрики ғаризаи ҷинсӣ, ташвиқ ба гуноҳу иртикоби амалҳои нодуруст ва таблиғи афкор ва ақоиди ботил бошанд, тамошои онҳо мамнуъ аст. Аз ҳама муҳим ин ки тамошои чунин сериалҳо вақти қимати инсонро зоеъ мекунад, хусусан ӯро аз таълиму тарбияи фарзандон бозмедорад. Агар муҳтавои филм аз ин гуфтаҳо орӣ бошанд, тамошои он боке надорад. (“Фиқҳи муосир”, с. 158-159).

2017-03-06
3094
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

27.11.2024

Подробнее
Фаджр05:42
Зухр12:40
Аср15:13
Магриб17:08
Иша18:38