Вопрос № 00094

Шаби Барот кадом шаби моҳи Шаъбон аст ва...

Вопрос:

Шаби Барот кадом шаби моҳи Шаъбон аст ва фазилати ин шабро ба мо гуфта медодед. Бо эҳтиром, бародари Шумо Фозилҷон, аз Ҳисор.

Ответ:

Шаъбон ҳаштумин моҳи соли ҳиҷрии қамарӣ аст, ки дорои фазоил ва баракоти бешуморе мебошад. Шаби понздаҳуми ин моҳро шаби Бароат (шаби наҷот) меноманд. Аз ҳазрати Оиша (р) ривоят аст, ки фармуд: «Ҳеҷ моҳеро ҳамчун Шаъбон мушоҳида накардам, ки Пайғамбар (с) дар он рӯзаи бисёр гирифта бошад. Он Ҳазрат (с) бисёр меписандиданд, ки айёми Шаъбонро рӯза бигиранд».

Шаби понздаҳуми Шаъбон дар фазилату бартарӣ баъд аз шаби Қадр қарор дорад.  Аз Оиша (р) ривоят аст, ки фармуд: “Шабе Пайғамбар (с)-ро дар хона надидам ва барои ҷустуҷӯ хориҷ шудам. Ӯро дар гӯристони Бақеъ ёфтам, эшон фармуданд: “Ҷабраил ба наздам ташриф овард ва гуфт: “Имшаб нимаи Шаъбон аст, Худованд дар ин шаб гунаҳгоронро ба андозаи теъдоди мӯйҳои гӯсфандони банӣ Калб аз ҷаҳаннам наҷот мебахшад”.

Дар идомаи ҳадис Оиша (р) мегӯяд, ки Пайғамбар (с) ба ман фармуданд: “Оё иҷозат медиҳӣ имшабро бедор буда, қиём намоям?” Гуфтам: “Оре”. Пас бархоста ба намоз истоданд ва дар намоз саҷдаро дароз карданд, он гоҳ шунидам, ки дар саҷда чунин мегуфтанд:

 " أَعُوذُ بِعَفْوِكَ مِنْ عِقَابِكَ، وَأَعُوذُ بِرِضَاكَ مِنْ سَخَطِكَ، وَأَعُوذُ بِكَ مِنْكَ، جَلَّ وَجْهُكَ، لَا أُحْصِي ثَنَاءً عَلَيْكَ أَنْتَ كَمَا أَثْنَيْتَ عَلَى نَفْسِكَ "

“Аъузу биафвика мин иқобика ва аъузу биризока мин сахатика ва аъузу бика минка ҷалла ваҷҳука, Аллоҳумма ло уҳсӣ саноан алайка Анта камо аснайта ало нафсика”.

“Эй Аллоҳ! Ба афву гузашти Ту аз иқобу азобат паноҳ мебарам ва ба ризои Ту аз норизоӣ ва қаҳрат паноҳ мебарам ва аз сахтиҳои ворида аз ҷониби Ту ба Ту паноҳ мебарам. Парвардигоро! Санои Туро наметавон баршумурд, зоти Ту бисёр баланд ва болост, он гуна ки худ баён фармудаӣ”.

Вақте субҳ шуд, пурсидам: “Эй Расули Худо! Оё шаби гузашта ин дуоро мехондед? Фармуданд: Ин калимотро омӯхта ба дигарон низ биомӯз. Ҷабраил ин калимотро ба ман омӯхта таъкид намуд, ки борҳо дар саҷда такрор намоям”, (“Шуъабул-имон”-и Байҳақӣ).

Хулоса, дар шаби Бароат ба тоату ибодат машғул шудан ва фардои он рӯза гирифтан амали машруъ буда, аҷру подоши бешумор дорад

2015-06-01
5382
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

28.11.2024

Подробнее
Фаджр05:43
Зухр12:40
Аср15:12
Магриб17:08
Иша18:38