Вопрос № 00970

Дар дискотека пул сарф кунӣ, исроф мешавад?Падару модар деҳқон аст, лекин ман донишҷӯ шуда, баъди ба шаҳр омадан ба марказҳои дилхушӣ меравам. Пулро падару модар меёбанд ва баъд ставка мезанам. Оё футбол ба қимор дохил мешавад?

Вопрос:

Ассалому алайкум. Дар дискотека пул сарф кунӣ, исроф мешавад? Падару модар деҳқон аст, лекин ман донишҷӯ шуда, баъди ба шаҳр омадан ба марказҳои дилхушӣ меравам. Пулро падару модар меёбанд ва баъд ставка мезанам. Оё футбол ба қимор дохил мешавад?

Саволдиҳанда: Донишҷӯй

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, дар марказҳои дилхушӣ пул сарф кардан айни исроф ва гуноҳ аст, бинобар ин, шумо аз ин кори зишт дарҳол даст кашед. Агар шумо донишҷӯ бошед, пас бидонед, ки роҳатонро гум кардаед, роҳи шумо сӯи Китобхонаи миллӣ аст, на марказҳои дилхушӣ. Шумо ҳар қадар метавонед, вақти худ ва пулатонро дар китобхонӣ сарф намоед. Агар пулатон бисёр бошад, як қисми онро барои кумак ба ятимону донишҷӯёни камбизоат сарф кунед, кори хайр ва савоб мешавад. 

2017-03-17
4681
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

23.12.2024

Подробнее
Фаджр06:03
Зухр12:40
Аср15:14
Магриб17:12
Иша18:42