Вопрос № 00990

Ба наздикӣ дар сайти радиои “Озодӣ” мақолае хондам. Мазмуни мақола ин буд, ки вақте ки шавҳар зиёда аз шаш моҳ ҳаққи шавҳарияшро иҷро намекунад ва ба замми ин талоқ намедиҳад, дар ин сурат зан метавонад дар шоҳидии ду кас ба Шӯрои уламо омада ариза пешниҳод кунад.

Вопрос:

Ассалому алайкум. Ба наздикӣ дар сайти радиои “Озодӣ” мақолае хондам. Мазмуни мақола ин буд, ки вақте ки шавҳар зиёда аз шаш моҳ ҳаққи шавҳарияшро иҷро намекунад ва ба замми ин талоқ намедиҳад, дар ин сурат зан метавонад дар шоҳидии ду кас ба Шӯрои уламо омада ариза пешниҳод кунад. Шӯрои уламо тибқи қарори худ аз соли 2001 метавонад ба ин зан хатти талоқ навишта диҳад. Мехостам фаҳмам, ки ин то чӣ дараҷа қонунӣ аст? Ман никоҳи шаръӣ доштам, пас аз чор соли зиндагӣ ҷудо шудем. Дар САҲШ никоҳамонро қайд накардем. Оё ман метавонам аз шумо хатти тасдиқкунандаи талоқамро гирам? Ин барои ба шавҳари дигар баромаданам зарур аст.

Саволдиҳанда: Муҳаррама

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Хоҳари азиз, аввалан ин ки қарори Шӯрои уламо баъд аз гузаштани чор сол аст, на шаш моҳ ва баъдан барои гирифтани хатти талоқ бархе ҳуҷҷатҳо ва асноди зарурӣ лозим аст, бинобар ин, шумо ба Маркази исломӣ муроҷиат намоед, оиди ин мавзӯъ маълумоти мушаххас хоҳед пайдо кард.

2017-03-30
3761
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

04.01.2025

Подробнее
Фаджр06:07
Зухр12:40
Аср15:22
Магриб17:20
Иша18:50