Вопрос № 00998
Дар мазҳаби мо намози ҷамоат суннати муаккада буда, итоати модар воҷиб аст. Агар модар гӯяд, ки намозҳоятро дар хона мехондӣ, на дар масҷид, ё нисбати рӯза доштан дар моҳҳои Раҷаб ва Шаъбон гӯяд, ки моҳи Рамазонро рӯза гирӣ, кофӣ аст...
Вопрос:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. 1. То кадом сатҳ намози тасбеҳ саҳеҳ аст? 2. Дар мазҳаби мо намози ҷамоат суннати муаккада буда, итоати модар воҷиб аст. Агар модар гӯяд, ки намозҳоятро дар хона мехондӣ, на дар масҷид, ё нисбати рӯза доштан дар моҳҳои Раҷаб ва Шаъбон гӯяд, ки моҳи Рамазонро рӯза гирӣ, кофӣ аст, дар ин маврид чӣ бояд кард? Фикратонро бо далел баён мекардед. Дар ҳаққи ману модарам дуо кунед. 3. Оё пасандозҳо рибо ҳисоб мешаванд?
Саволдиҳанда: Абдуллоҳ
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. 1. Бародари азиз, дар мавриди намози тасбеҳ ва равиши адои он чанд бор дар сомона посух гуфта будем. Аз дидгоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ намози тасбеҳ машруъ ва мустаҳаб аст ва дар гузоридани он савоби бағоят бузург ваъда шудааст. Дар китоби «Раддул-муҳтор» дар бораи субути ин намоз чунин мегӯяд: “Ҳадисе, ки дар мавриди ин намоз омадааст, ҳадиси ҳасан аст, ба сабаби он ки бо тариқҳои бисёр ривоят шудааст. Касоне, ки онро ҳадиси мавзӯъ пиндоштаанд, иштибоҳ кардаанд”. Ҳамчунин дар ривояти Абӯдовуд ва Тирмизӣ омадааст, ки Расули Худо (с) ба амаки худ Аббос (р) фармуданд: “Агар битавонӣ, ҳар рӯз бихон ва агар вақт надоштӣ, ҳафтае як бор, агар ин ҳам муяссар нашуд, моҳе як бор ва агар дар моҳ муяссар нашуд, дар умр як бор бихон, Худованди Мутаъол тамоми гуноҳонатро мебахшад”. («Раддул-муҳтор», 2, с. 28-29; “Хулосатул-масоил”, с. 67-70). 2. Агар иҷозат бошад, намозро бо ҷамоат хонед, зеро таъкидоти Расули акрам (с) дар мавриди намози ҷамоат бисёр аст. Рӯзаи нофила доштан дар моҳҳои Раҷаб ва Шаъбон низ фазилат ва савоби зиёд дорад, манъ кардани модари шумо маъное надорад. Беҳтар аст, ки модаратонро аз ин фазилатҳо бохабар кунед ва бо равиши нарм ба ӯ фаҳмонед. Худованд ба шумо ва модаратон илм нофеъ, амали солеҳ ва тақвову парҳезгорӣ дар ҳама умури зиндагӣ насиб гардонад. 3. Фоидаҳое, ки аз пасандозҳо ба даст меояд, агар зарурат бошад, ҷоиз аст, вале тибқи мазҳаби Имоми Аъзам (р) ин фоидаҳоро барои худаш сарф накунад, балки ба ятимхонаҳо, бевазанҳо, маъюбон ва дигар ашхоси ниёзманд харҷ намояд. (“Масоили фиқҳии муосир”, ҷ. 1, с. 96-99)