Главная Новости Саидмукаррам Абдуқодирзода бо хабарнигори оҷонсии иттилоотии Аморот роҷеъ ба вазъи дину динодорӣ дар Тоҷикистон ва хатари ҳизби мамнўъшудаи наҳзат мусоҳиба анҷом доданд.

Саидмукаррам Абдуқодирзода бо хабарнигори оҷонсии иттилоотии Аморот роҷеъ ба вазъи дину динодорӣ дар Тоҷикистон ва хатари ҳизби мамнўъшудаи наҳзат мусоҳиба анҷом доданд.

Саидмукаррам Абдуқодирзода бо хабарнигори оҷонсии иттилоотии Аморот роҷеъ ба вазъи дину динодорӣ дар Тоҷикистон ва хатари ҳизби мамнўъшудаи наҳзат мусоҳиба анҷом доданд.
2019-11-07
4259

Санаи 4-уми ноябри соли 2019 дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб Саидмукаррам Абдуқодирзода-Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар ҳошияи иштирок дар 24-умин Конфронси Маҷмааи фиқҳи исломии байналмилалӣ, ки  аз таърихи 4-ум то 6-уми ноябри соли 2019 дар шаҳри Дубай баргузор мегардад, бо хабарнигори оҷонсии давлатии иттилоотии Аморот мусоҳиба анҷом доданд.

Дар рафти мусоҳиба Саидмукаррам Абдуқодирзода бо дархости рӯзноманигори араб оид ба  вазъи дину диндорӣ дар Тоҷикистон ва хатари ҳизби мамнўъшудаи наҳзат мусоҳиба анҷом доданд.

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон

Ҳамду санои бепоён сазовори Худованди ҷаҳониён аст ва дуруду саломи фаровон ба Расули инсу ҷон (с) ва тамоми хонадону ёронаш бод.

 

Баъди ба истиқлолияти давлатӣ ноил шудани миллати тоҷик фазои динии Тоҷикистон ранги тамоман дигар гирифт. Хушбахтона баъди ба эътидол омадани вазъи дохилӣ ва оромии комил ҳангоми қабули Конститутсияи навин, ин масъалаи муҳими ҳаёти иҷтимоии халқ аз мадди назари роҳбарияти давлату ҳукумати Тоҷикистон дур намонд ва онро дар қонунгузории ҷумҳурӣ ҷойгир намуданд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқие мебошад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ба низоми муайян даровардани ҳаёти динии шаҳрвандон пешбинӣ карда шудаанд. Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 “Соли бузургдошти Имоми Аъзам - Абўҳанифа” эълон гардид, ки дар баргузории ин ҷашн аз панҷоҳ давлат меҳмонон даъват шуда буданд. Ин иқдоми Пешвои миллат эҳтироми хоссае нисбати фазои динии кишвар ва мазҳаби ҳанафӣ мебошад.  Аз назари банда вазъи умумии динӣ ва сатҳи диндории сокинони Тоҷикистон мураттаби устувор мебошад. Беш аз 90 фисади сокинони кишвар пайрави мазҳаби ҳанафӣ буда, боқӣ ба мазҳаби исмоилия ва қисмати хурде аз аҳолии ѓайри тоҷик ба динҳои дигар тааллуқ доранд. Миёни намояндагони мазоҳиби ислом ва дигар динҳо аслан хушунату зиддият вуҷуд надорад. Дар конфронс ва ҳамоишҳое, ки дар дохили Тоҷикистон баргузор мегарданд, намояндагони ҳамаи динҳо даъват шуда, барои таъмини сулҳу субот ва пешгирӣ аз ҳар гуна андешаҳои ифротӣ ва тундгароӣ ҷидду ҷаҳд карда истодаанд. Хулоса тамоми намояндагони динҳо дар Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот зиндагӣ дошта, байни онҳо ҳеҷ гуна низоу ихтилоф вуҷуд надорад.

Мутаассифона, гоҳ-гоҳе аз тариқи расонаҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои интернетӣ роҷеъ ба вазъи дину диндорӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби бархе ашхоси дохилию хориҷӣ ахбор ва маълумотҳои ѓаразнок ва фитнаангез бидуни далелҳои муътамад ва баррасиҳои ҷиддӣ пахш мегардад, ки ба воқеъияти ҳол созгор намебошад. Чунки агар ба дидаи воқеият нигарем, вазъи динӣ нисбат ба солҳои пешин аз осмон то замин фарқ мекунад ва маҳдудият нисбати шаҳрвандон дар иҷрои маросимҳои динӣ вуҷуд надорад. Имрўзҳо дар саросари Тоҷикистон масҷидҳои ҷомеи марказӣ, масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта ба таври доимӣ амал менамоянд ва  шаҳрвандон метавонанд тоату ибодат ва дигар эҳтиёҷоти динии худро дар онҳо озодона ба анҷом расонанд. Инчунин Донишкадаи исломии Тоҷикистон амал мекунад, ки дар асоси барномаи таълимии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба тасвиб расида, кадрҳои баландихтисоси дорои маълумоти диниро ба воя расонида истодааст. Иншоаллоҳ умед аст, ки дар оянда ба фазои ҳаёти динии кишвари мо халале ворид намегардад ва мардуми мусалмони Тоҷикистон зиндагии хушу гуворое ба сар хоҳанд бурд.

Илова бар ин, дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ман роҳбари он мебошам, сомонаи интернетии бо номи «shuroiulamo.tj» бо муваффақият фаъолият карда истодааст, ки мардуми мусалмон озодона метавонанд суолу дархостҳои худро дар мавзўъҳои динӣ мустақиман ба ин ниҳоди динӣ ирсол намуда, дар вақти кӯтоҳ ҷавобҳои саҳеҳи мутахассисонро дарёфт намоянд.       

Ҳамин тариқ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан масоиле нест, ки мояи ихтилофоти ақидатӣ ва падид омадани зуҳуроти номатлубе, аз қабили терроризму ифротгароӣ бошад.

        Роҷеъ ба суоли дуюми хабарнигор Раиси Шўрои уламои Тоҷикистон қайд намуданд, ки ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ беш аз 40 сол дар саҳнаи сиёсати Тоҷикистон амал кард. Гурӯҳи террористии наҳзат ҳанӯз солҳои ҳаштодуми асри гузашта, бо истифода аз номи Ислом зери пӯшиш, фаъолияти харобкориашро оғоз кард, ки дере нагузашта чеҳраи воқеии наҳзат ошкор гардид. Аъзоёни созмони террористии мазкур, ки қаблан дар Афғонистон таълими низомӣ гирифта буданд, бо мақсади ғасби ҳукумати Тоҷикистон даст ба амалиёти мусаллаҳона заданд. Ҳаводорони созмони террористии назҳат миллати осоиштаи тоҷикро ба ҷанг кашида, дар натиҷа 150 ҳазор нафар мардуми шарифи Тоҷикистонро бераҳмона ба қатл расониданд.

          Рӯзноманигори араб аз амалҳои террористии наҳзат ба ҳайрат омода, суол карданд, ки чаро Ҳукумати Тоҷикистон барои фаъолияти минбаъдаи наҳзат иҷозат доданд?

          Дар ҷавоб Саидмукаррам Абдуқодирзода тазаккур доданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қатъ намудани ҷанг дар кишвар ба наҳзатиҳо иҷозат дод, ки фаъолиташонро дар доираи қонун ба роҳ монда, дар пешрафти Тоҷикистон саҳм гузоранд, аммо муттассифона аъзоёни ташкилоти мазкур аз некбинии Ҳукумат сӯиистифода намуда, дубора ба мардуми шарифи Тоҷикистон хиёнат карданд. Ҷонибдорони наҳзат сентябри  соли 2015 ба табадулоти низомӣ даст заданд, ки хушбахтона ин маротиб халқи тоҷик саривақт ба онҳо ҷавоби зарурӣ доданд ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди миллати тоҷик наҳзатро ҳамчун ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ эълон намуд. Мутаассифона, то кунун баъзе фирориёни ин ҳизби террористиву ифротӣ эъломшуда дар хориҷа аз «адолат»-у «нақзи ҳуқуқи инсон» даъво мекунанд, аммо боре нашуда, ки гиребони худро бў кардаву амалҳои хешро дар тарозуи воқеият баркашида, ба хулоса оянд, ки чӣ кори баде барои ҷомеаи Тоҷикистон ва чӣ хиёнате барои миллат кардаанд…

Бояд қайд намоям, ки наҳзатиён хостанд аз дини мубини Ислом сўистифода кунанд, чунки хоҷагони хориҷиашон ин гуна муносибатро ба онҳо ҳам бо маблағ ва ҳам раҳнамоиҳои маънавӣ меомўзониданд. Аслан бигирем, аз ибтидои таъсиси ин ҳизб мардуми Тоҷикистон онро намепазируфтанд, зеро ба эътиқоди мардуми Тоҷикистон, ки аксари кулли мардум ҳанафимазҳаб мебошанд, мутобиқат намекард ва аз аввал қабулаш надоштанд, боз дар равиши зиндагӣ исбот шуд, ки пайравӣ аз бегонагону хоҷагонашон доранд, ба ҳамин, хотир аксарияти кулли мардум тарафдорияшон накарданд

Другие новости

Время намаза в Душанбе

24.11.2024

Подробнее
Фаджр05:39
Зухр12:40
Аср15:14
Магриб17:09
Иша18:39
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее