Главная Новости ҚАРОРИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР БОРАИ РЎЗИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

ҚАРОРИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР БОРАИ РЎЗИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

ҚАРОРИ  ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР БОРАИ РЎЗИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
2020-07-22
7155

Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки рўзи 21-уми июл баргузор гардид. дар бораи муайян кардани рўзи Иди саиди қурбон қарор қабул кард.

          Раиси Шӯрои уламои Марказӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода аъзои Шўроро ба муносибати даҳаи Зулҳиҷҷа ва омад-омади Иди саиди қурбон табрику таҳният гуфтанд. Раиси Маркази исломӣ қайд карданд, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи Иди саиди қурбон дар кишвар ба рўзи 31-уми июл рост меояд.

Пас аз баррасии масъалаҳо Шӯрои уламо чунин қарор намуд:

  1. Мувофиқи ҳисоби илмӣ Иди саиди қурбон дар тамоми қаламрави ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи ҷумъа 31-уми июл таҷлил карда шавад.
  2. Вобаста ба шароити пешомада, ки аз ихтиёри мо берун аст, ҳар як намозгузор дар вақти намози ид дар манзили худ ба зикру ниёиш ва дуруду дуо машғул шавад.
  3. Ба тамоми саховатмандон ва он нафароне, ки имконияти қурбонӣ кардан доранд, тавсия дода мешавад, ки дар рўзҳои ид ба хотири дастгирӣ ва шод намудани афроди ниёзманд аз қабили ятимону бепарасторон ва маъюбону пиронсолон кумаки худро дареғ надоранд.
Время намаза в Душанбе

01.09.2025

Подробнее
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Подробнее