Главная Новости МУРОҶИАТНОМАИ РАЁСАТИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР

МУРОҶИАТНОМАИ РАЁСАТИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР

МУРОҶИАТНОМАИ  РАЁСАТИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР
2021-04-15
5059

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон

Тавре ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон маълум аст, соли гузашта пандемияи Ковид-19 саросари ҷаҳонро фаро гирифта, ҳазорон нафар қурбонии ин беморӣ шуданд. Дар қатори дигар давлатҳо ин беморӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сироят намуда, иддае аз мардум мубталои беморӣ шуда буданд. Дар натиҷаи тадбирҳои саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо инояти Парвардигор ин беморӣ рафъ шуда, аз 1 январи соли 2021 то ҳол ягон ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта нашудааст. Бо вуҷуди ин, аз воситаҳои ахбори омма огоҳӣ меёбем, ки дар аксар кишварҳо мавҷҳои нави шиддатноктари бемории коронавирус пайдо шуда истодаанд.

Барои пешгирӣ ва наҷот ёфтан аз ин беморӣ аз тарафи мутахассисон давои бемории Ковид-19 омода карда шуд ва айни ҳол дар тамоми кишварҳои ҷаҳон эмгузаронӣ (ваксинатсия) гузашта истодааст. Тибқи назари коршиносон роҳи асоситарини пешгирӣ ва аз байн бурдани бемории Ковид-19 ин эмгузаронӣ  мебошад.  Дар робита ба ҳифзи ҳаёти инсон шариати Ислом моро барои дармони беморӣ ва ҷустани ҳар як роҳи имконпазир барои даст ёфтан ба ин ҳадаф водор мекунад. Чунки саломатӣ неъмати беҳтарине мебошад, ки Худованд ба инсон ато намудааст. Паёмбари гиромии Ислом (с) муҳим будани саломатиро дар ҳадисҳои худ борҳо таъкид кардаанд. Чунонки дар ҳадисе фармудаанд: “Бандаи Худо, барои бемории худ дармон биҷўй, чун Худо дардеро бидуни дармон наофаридааст. Нафароне ҳастанд, ки онро медонанд ва нафароне ҳастанд, ки аз он огоҳ нестанд”. Таҷрибаи илмӣ ва таҳқиқоти тиббӣ матлаби ин ҳадисро тасдиқ мекунад.

Аз нигоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ ҳар чизе, ки сабаби ислоҳи бадан бошад ва аз роҳи аслӣ, ки иборат аз ҳалқ ва бинӣ аст, вориди меъда шавад, рўзаро фосид месозад. Аммо дар ҳолати пеш омадани зарурат ва бартараф намудани хатар давоҳое, ки ба василаи сўзандору дар бадан ворид мешаванд, агарчи сабаби ислоҳи бадан ҳастанд, вале чун аз ғайри роҳи аслӣ ба воситаи хун ба бадан дохил шудаанд, рўзаро намешикананд ва фиқҳи муосир низ ин матлабро таъйид мекунад.

Ҳамин заруратро ба назар гирифта, марказҳои фатвои кишварҳои олами исломӣ, аз ҷумла, Арабистони Саудӣ, Миср, Кувайт, Баҳрайн, инчунин кишварҳои ҳамҷавори Ўзбекистону Қазоқистон оиди ин масъалаи зарурии ҳаёт фатво содир карданд. Тибқи фатвои онҳо гирифтани ваксинаи зидди Ковид -19 рўзаро намешиканад, зеро он ғизо ба шумор нарафта, баданро қувват намебахшад.

Вобаста ба ин, Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати заруратро ба инобат гирифта, ба мардуми кишвар муроҷиат намуда, тавсия медиҳад, ки баҳри ҳифзи саломатии худ ва атрофиён ҳар як шахси ватандӯсти оқил бояд дар нуқтаҳои махсуси тиббӣ, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудаанд, бетаъхир, таъҷилан аз эмгузаронӣ (ваксинатсия) гузаранд. Тибқи далелҳои дар боло зикршуда эмгузаронӣ ба рўза халал ворид намекунад.

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломӣ

15.04.2021

Другие новости

Время намаза в Душанбе

09.10.2024

Подробнее
Фаджр04:57
Зухр12:40
Аср16:11
Магриб18:10
Иша19:40
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее