Қарори Шӯрои уламо дар бораи оғози моҳи мубораки Рамазон
Имрӯз 16.03.2023 соати 10:00 дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо баргузор гардид. Раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода аввалан ҳозиринро ба муносибати омад-омади моҳи мубораки Рамазон ва ҷашни байналмиллалии Наврўз табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол моҳи мубораки Рамазон дар кишвар рўзи панҷшанбе 23-юми март фаро мерасад.
Баъдан аъзои Шӯрои уламо масъалаҳои рўзномаи маҷлисро муҳокима ва баррасӣ намуда, чунин қарор қабул карданд:
- Мувофиқи ҳисоби илмӣ аввали моҳи шарифи Рамазон дар соли 2023 ба ҳисоби тақвимӣ рўзи панҷшанбе 23-юми март муайян карда шавад.
- Мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 32300 сомонӣ муқаррар карда шавад, ки аз он 800 сомонӣ закот дода мешавад.
- Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ ба ҳисоби гандум 7 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз 80 сомонӣ (барои шахсоне, ки тавоноии молии бештар доранд) муайян карда шавад.
- Фидяи савм дар моҳи шарифи Рамазони соли 2023 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ва бемороне, ки аз сиҳатшавии онҳо умеде нест ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рўз муайян карда шавад.
Маҷлис бо дуои хайри аҳли нишаст дар ҳаққи Пешвои миллату мардуми кишвар ҳусни анҷом пазируфт.
Другие новости
МУКОФОТИ ҶАШНӢ - ДАВЛАТӢ БА ИФТИХОРИ 35-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА
Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА- РАИСИ ШУРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИТОҶИКИСТОН ДАР МУЛОҚОТ БО СОКИНОН ВА ФАЪОЛОНИ Н. МУЪМИНОБОДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Выступления Президента
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
ПодробнееВыступления Председателья Исламского Центра
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Подробнее


