ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА- РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАХШИДА БА 500-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ МАДРАСАИ “МИРИ АРАБ” ДАР ШАҲРИ БУХОРОИ ҶУМҲУРИИ УЗБЕКИСТОН
Рўзи 26-уми ноябри соли 2023 дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ўзбекистон конфронси байналмилалӣ бахшида ба 500-солагии мадрасаи машҳури Мири Араб дар мавзӯи «Мақоми Бухорои бостонӣ дар тамаддуни исломӣ» баргузор шуд.
Чорабинӣ бо қироати оятҳои Қуръон оғоз шуда, бо сухани табрикии Раиси Идораи динии мусулмонони Ӯзбекистон, муфтӣ Нуриддин Холиқназаров ифтитоҳ ёфт.
Сипас, муфтии Миср Шавқӣ Аллом, дабири кулли Иттиҳоди уламои мусалмонони ҷаҳон Алӣ Муҳиддин ал-Қародагӣ, Раиси Идораи мусулмонони Қафқоз Алашукур Пошозода, Раиси Раёсати умури дини Туркия муфтӣ Алӣ Эрбаш, Раиси Идораи мусалмонони Қазоқистон муфтӣ Наурызбой Ҳоҷӣ Таганулӣ ва Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон муфтӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода суханронӣ намуда, ба муносибати 500-солагии мадрасаи Мири Араб таманнои гарму самимӣ баён карданд.
Конфронс бо се бахш: «Аҳамияти мероси илмии олимони Бухоро», «500-солагии мадрасаи Мири Араб: гузашта ва имрӯз» ва «Саҳми оилаи Бобохоновҳо дар ҳифз, паҳн ва ҳифзи Ислом» гузаронида шуд. Дар ин бахшҳо уламои маъруфи дин, диншинос ва имомхатибон маърӯза намуда, табодули афкор намуданд.