Главная Новости ФАТВОИ Шўрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон «Дар бораи либоси миллӣ»

ФАТВОИ Шўрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон «Дар бораи либоси миллӣ»

ФАТВОИ  Шўрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон «Дар бораи либоси миллӣ»
2024-07-26
2621

Бисмиллоҳираҳмонир-раҳим

Ҳамду сано Худованди ягонаро ва дуруду салом бар Расули акрам (с) ва хонадону ёронаш бод.

 Шукри беҳад аз сулҳу субот ва фазои осоиштаи Ватани азизамон - Тоҷикистон менамоем, ки ба инояти Парвардигор ва хиради Роҳбари ғамхор моро шароити созгору муносиб барои тоату ибодат ва адои фароизи динӣ арзонӣ доштааст.

Худованди мутаъол башарро аз як марду зан офарида, ба қавму қабилаву халқҳои гуногун тақсим кардааст: «Эй мардум, ба дурустӣ ки шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо қавмҳо ва қабилаҳо сохтем, то бо якдигар шинос шавед! Ҳароина гиромитарини шумо назди Худо парҳезгортарини шумо аст, Худо Донои Хабардор аст» (сураи «Ҳуҷурот», ояти 13). Ин аст, ки ҳар қавму қабила ва халқ аз қадим ва дар шароити муосир ҳар миллат урфу одат, анъана ва сарулибоси хоси худро дорад.

 Халқу миллатҳои ҳавзаи тамаддуни исломӣ низ ҳар кадом либосҳои хоси худро доранд. Сарулибоси мардуми мусулмон вобаста ба шароити замону макон муайян ва тарроҳӣ шудааст.

 Либос пўшонандаи бадани мард ва зан мебошад. Дар ин маврид дар Қуръону ҳадис омадааст: «Аврати мард аз зери ноф то зери зону, зан бошад ғайр аз рўй, пой ва даст аврат аст».

 Дар урфу таомули мардумӣ занону модарони тоҷик, тайи садсолаҳо либосҳое мепўшиданд ва мепўшанд, ки ба талаботи шариат ҷавобгў буда, дар онҳо одату унсурҳои маҳаллӣ ва хусусиятҳои табиату ҷуғрофӣ ба эътибор гирифта шудаанд. 

Агар мо ба сарулибоси маъмулии занону модарони миллати тоҷик назар андозем, огоҳӣ пайдо мекунем, ки бонувони кишвари мо аксаран либоси миллӣ мепўшанд, ки аз рўймол, курта ва пойҷома иборат аст.

Дар атрофи чигунагии сарулибоси миллии ҷавобгў ба сатри мусулмонӣ дар ҷомеа фикру андешаҳои гуногун ва мулоҳизаҳои беасос пайдо шудааст. Бинобар ин, Шўрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо дарназардошти талаботи фиқҳи ҳанафӣ фатво медиҳад:

  1. Тибқи муқаррароти шариати исломӣ ва мазҳаби ҳанафӣ пўшиши (сатри) зан бояд аз рўймол, курта ва пойҷома иборат бошад, ки модарони тоҷик аз қадимулайём онро ба бар мекунанд.
  2. Либосҳои миллии анъанавии модарону хоҳарони тоҷик, ки аз рўймол, курта ва пойҷома иборат аст, комилан ба талаботи мазҳаби ҳанафӣ ҷавобгў мебошад. Аз ин хотир, пўшидани либоси миллии мо дар фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ иҷозат буда, нисбат ба ҳар навъи либоси дигар афзалият дорад.
  3. Дини мубини Ислом вобаста ба пўшидани либос муқаррароти хос дорад, аммо дар шакли дўхт ё ранги либос маҳдудият муқаррар накардааст. Бинобар ин, пўшидани либосҳои рангаи миллӣ дар мазҳаби мо ҷоиз аст. Аммо пўшидани либосҳои танг ва сиёҳи занона, ҳарир ва дигаре, ки узвҳои баданро намоён мекунанд, тавсия дода намешавад, зеро ранги сиёҳ аз назари мазҳаби мо ҳатмӣ набуда, бо хусусиятҳои миллӣ ва шароити ҷуғрофии мо низ созгор нест.
  4. Бо дарназардошти ин нуктаҳо, Шўрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба модарону хоҳарони азиз тавсия медиҳад, ки ҷиҳати арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ либосҳои бо тарҳи миллӣ омодашударо, ки фарогири меъёрҳои ахлоқию динӣ буда, ҳаёву иффати Зан-Модарро инъикос менамоянд ва ба ахлоқу одоби исломӣ мувофиқ мебошанд, ба бар кунанд.
  5. Бо мақсади ҳифзи суботу амнияти ҷомеа ва риояи одоби динию мазҳабӣ ва миллӣ сокинон аз пўшидани ҳар гуна либосҳои ба фарҳангу мазҳабу миллати мо бегона ва ғайриахлоқӣ, ки бо ҳадафҳои ғаразнок тарғиб мешаванд, худдорӣ намоянд. Риояи одоби пўшидани либоси миллӣ ҳамчун рукни фарҳанг, василаи муҳимми муаррифии миллат ва тақвияти мазҳаби аҷдодӣ, инчунин, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ки оромию суботро кафолат медиҳад, ба ҳисоб меравад. Дини мубини Ислом низ ҳамаи моро масъул гардонидааст, ки барои оромӣ, ободӣ, бародарӣ ва рушди ҷомеа ва миллат саҳмгузор бошем.

Шўрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон

Другие новости

Время намаза в Душанбе

04.12.2024

Подробнее
Фаджр05:49
Зухр12:40
Аср15:12
Магриб17:10
Иша18:40
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее