ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА – РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИВӢ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗЎИ «НАҚШИ АРЗИШҲОИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Рўзи 5-уми сентябри соли ҷорӣ дар толори Донишкадаи исломии Тоҷикистон Конфронси ҷумҳуривӣ илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Нақши арзишҳои даврони истиқлолият дар таҳкими давлатдории миллӣ» баргузор гардид.
Дар кори конфронс роҳбарият ва намояндагони вазорату идораҳо ва устодону донишҷўёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Баромадкунандагон зимни маърузаҳои худ роҷеъ ба дастовардҳои кишвар дар даврони истиқлолият ва нақши арзишҳои итиқлолият дар таҳкими давлатдории миллӣ суханронӣ намуданд.
Раиси Шўрои уламо зимни баромади худ қайд карданд, ки истиқлолият ҳамон неъмати бебаҳоест, ки бо инояти Парвардигор ва бо саъю талошҳои тўлонии фарзандони ҷонфидои ин миллат дар натиҷаи паси сар кардани чандин имтиҳоноти вазнин дар масири таърих ба мардуми шарифи Тоҷикистон муяссар шудааст.
Ба қавли Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ:
Неъмате беҳтар зи истиқлол нест,
Ҳеҷ дигар ҷойи қилу қол нест.
Инчунин қайд намуданд, ки дар натиҷаи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумату давлати Тоҷикистон Худованд ба мардум яке аз неъматҳои бузург - Истиқлолиятро ҳадя кард ва мо имрўз дуо мекунем ва боварии комил дорем, ки он пойдору побарҷо хоҳад монд. Истиқлолият муҳимтарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад.
.jpg)
Другие новости
Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намози Ҷумъа дар Масҷиди Ҷомеи Имом Бухорӣ иштирок намуданд
Дар ҳошияи Форуми байналмилалии тамаддуни исломӣ Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муфтии кишвар муҳтарам Саидмукаррам Абдуқодирзода бо имом ва хатиби Масҷидулҳаром, Шайх доктор Солеҳ ибни Абдуллоҳ ибни Ҳумайд мулоқот намуданд.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА- РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ЗЕРИ УНВОНИ “СИЁСИСОЗИИ ИСЛОМ ВА ХАТАРИ ОН БА АМНИЯТИ СИЁСӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА”
Выступления Президента
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
ПодробнееВыступления Председателья Исламского Центра
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Подробнее


