Главная Новости ВОХУРИИ РАИСИ ШЎРОИ УЛАМО БО ХИЗМАТЧИЁН ВА САРБОЗОН

ВОХУРИИ РАИСИ ШЎРОИ УЛАМО БО ХИЗМАТЧИЁН ВА САРБОЗОН

ВОХУРИИ РАИСИ ШЎРОИ УЛАМО БО ХИЗМАТЧИЁН ВА САРБОЗОН
2025-03-13
30

        Рўзҳои 10 ва 11 марти соли 2025 Саидмукаррам Абдуқодирзода  – Раиси Шўрои уламои  Маркази исломӣ ба қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд ва бо хизматчиён ва сарбозони ин қисми низомӣ мулоқоти судманд анҷом доданд.
  Зимни мулоқот Раиси Шўрои уламо қайд намуданд, ки аввалан, шукронаи Худованди мутаъолро мекунем, ки барои ҳар яки мо тани сиҳат ва дар сарзамини мо амну офият ато намуда аст. Неъмати тани сиҳат ва амну офият яке аз ҳазорон неъматҳои Парвардигор аст, ки ба ҷо овардани шукри он барои ҳар яки мо воҷиб аст.  Чунончи Худованд дар ояти 152-юми сураи муборакаи “Бақара” мефармояд: “Пас, Маро ёд кунед, то шуморо ёд кунам ва Маро сипос гӯед ва ба Ман носипосӣ макунед!”. 
Ёд кардани неъматҳои зиёди илоҳӣ ба ин маъност, ки шахси мусулмон бештар ба қадри онҳо бирасад, ин неъматҳоро ҳифзу намояду гиромӣ дорад ва барои саодатмандии ҷомеаи худ саъйу талош варзад. Ҳифзи ин неъматҳои илоҳӣ пеш аз ҳама аз ҳифзи давлат, ҳимояи якпорчагии он ва ғайрату ҷасорат нишон додан дар роҳи муҳофизати марзу буми он сарчашма мегирад. Зеро маҳз дар ҳамин ҳолат, мо бузургтарин неъмате, ки дар ихтиёр дорем, яъне сулҳу субот ва осоиштагиро ҳифз карда метавонем. 
Гузашта аз ин, ҳифзу ҳимояи Ватан дар дини мубини Ислом ҷойгоҳи хосе дорад ва Худованди мутаъол мусалмононро ба ҳифзи марзу буми ватани худ амр кардааст. Барои ҳар яки мо ҳам фарзу ҳам қарз аст, ки нигаҳбони сулҳу субот, тинҷиву оромии ватани худ бошем. Зеро дар ояти охирини сураи “Оли Имрон” Парвардигор мефармояд:
  «Эй муъминон, сабр кунед ва дар сабр қадам устувор доред ва омода бошед ва аз Худо битарсед, бошад ки растагор шавед!»
 Муфассирон мегӯянд, ибораи “ва робиту”, яъне “омода бошед” дар ҳаққи марзбонон гуфта шудааст. Яъне ин дастури қуръонӣ барои ҳар як мусулмон аст, ки шумо дар ҳимояи марзу буми ватан омада бошед. 
Саидмукаррам Абдуқодирзода дар охири суханрониашон таъкид ба он намуданд, ки рисолати аслии ҳар ҷавонмард пеш аз ҳама хизмати содиқона ба Ватан мебошад. Зеро ин марзу бум ва ин давлат аз мост ва бояд онро ҳимоя намоему зарур бошад дар роҳи ҳифзи хоки сарзамини худ ҷоннисорӣ кунем. 
          Инчунин қайд намуданд, ки марзбонон шабҳо бедорӣ мекашанд, то дигарон дар амонӣ бихуспанд, ҷони худро дар хатар мемонанд, то мардум осудаҳол бошанд.
          Дар охири мулоқот Раиси Шўрои уламо ба сарбозон ҷиҳати қадру манзалати инсон, эҳтироми якдигар, дўст доштану хизмати шоиста кардан ба Ватану миллат тавсияҳои судманд дода, қайд намуданд, ки ин неъмати тинҷиву осудагие, ки дорем, бо инояти Парвардигор ва хизматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат ва шумо барин ҷавонмардони ҷонфидои Ватан - сарбозони бонангу номус ҳастанд, ки  барои осудагии мо сина сипар мекунанд. 

Время намаза в Душанбе

14.03.2025

Подробнее
Фаджр05:04
Зухр12:40
Аср16:41
Магриб18:40
Иша20:10
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Подробнее