Главная Новости Табрикоти Шўрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифи кишвар ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр

Табрикоти Шўрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифи кишвар ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр

Табрикоти  Шўрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифи кишвар ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр
2025-03-29
839

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон

Ҳамду сано Худовандро, ки соҳиби мағфирату шоистаи тақвост ва дуруду салавоту салому баракоти Худо бар Пайғамбар (с) ва олу асҳобаш бод.

Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт,

Сад шукр, ки ин омаду сад ҳайф, ки он рафт.

Ассалому алайкум ҳамватанони гиромӣ, бародарони арҷманд. Аввалан ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии иди Рамазон табрику таҳният намуда бароятон аз даргоҳи Худованд хушбахтию саодатмандиро тамано менамоем.

Яке аз суннатҳои иди Фитр ин аст, ки бандагони Худо дар ин рўз ғусл намуда либосҳои наву идона ба бар менамоянду аз хушбўиҳо истеъмол намуда ба намози ид мешитобанд ва ҳамдигарро бо фарорасии ид табрику таҳният мегўянд. Вақте асҳоби Пайғамбар (с) дар рўзи ид ба ҳам мерасиданд, ба якдигар мегуфтанд: «Тақаббалаллоҳу минно ва минкум», яъне Худованд аз мову шумо қабул фармояд.

Пайғамбар (с) дар ҳадисе мефармоянд: «Ду мусалмон бо ҳам рў ба рў намешаванд, ки мусофаҳа намоянд, магар қабл аз ин ки аз ҳам ҷудо шаванд, гуноҳашон омурзида мешавад». (Ривояти Абўдовуд, Тирмизӣ ва Аҳмад).

Дар ин рўзи саид дасти кўмак дароз кардан ба ашхоси ниёзманд ва бепарастор аз ҷумлаи хислатҳои неки инсонӣ ба шумор меравад. Инсони мусалмон саъй мекунад, то дар ин рўзҳо бештар ба фақирон ва ниёзмандон дасти кўмак дароз намуда ва садақоти бештаре анҷом диҳад ва ашки ятимонро пок карда ва ба онон некӣ намояд. Пайғамбар (с) ба додани садақаи фитр амр намуда мефармояд:

«Онҳоро дар имрўз (бо додани садақа) бениёз гардонед». (Ривояти Байҳақӣ ва Дорақутнӣ).

Анҷом додани чунин аъмоли нек дар байни мардум меҳру муҳаббат ва ваҳдату ҳамбастагиро боз ҳам қувват мебахшад.

Яке аз суннатҳои рўзи ид ба таъхир андохтани намози ид мебошад, то ин ки қабл аз намоз садақаи фитр ба дасти фақирону ниёзмандон расида ба хонаводаҳои онҳо кўмаку яыу

Аз Анас (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармудаанд:

«Ҳар касе ҳоҷати як фард аз уммати маро бароварад ва мақсади ў шод кардани вай бошад, маро шод кардааст, ҳар касе маро шод  кунад, Худовандро шод кардааст ва ҳар касе Худовандро шод кунад, Худованд ўро вориди биҳишт мекунад». (Ривояти Байҳақӣ).

    Ҳамон тавр ки аз ин ҳадис маълум гардид, эҳсону некӣ аз ҳар навъе, ки бошад, амалест, ки Худовандро хушнуд мегардонад. Хусусан кўмак ва дастгирии ятимону ниёзмандон дар рўзҳои ид боиси аҷру савоби бешумор ва хушнудии Худованд ва Расули ўст. 

Фарҳанги пурғановати дини мубини Ислом пайравонашро ҳамеша ташвиқу тарғиб бар он менамояд, ки бо ҳамдилию ҳамбастагӣ муттаҳид зиндагӣ кунанд ва аз ихтилофу парокандагӣ худдорӣ намоянд. Агар ба фалсафаву ҳикмат ва маонии тамоми ибодатҳои дини мубини Ислом аҳамият диҳем, дар ниҳоди онҳо маънои ҳамдилию ҳамбастагӣ, дўстию муҳаббат ва муттаҳидии мусулмон ташвиқу тарғиб шудааст.

     Дини мубини Ислом аз рӯзи аввал мардумро ба сулҳу оромӣ ва ваҳдату якпорчагӣ даъват намуда, аз низоъу тафриқа ва ихтилофот барҳазар медорад.

Мо ҳамеша дуо мекунем, ки Тоҷикистони азиз тинҷу ором ва бо хайру баракат бошад. Худованд халқу мамлакати моро дар амну амонӣ ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ дар паноҳаш нигаҳ дорад.

Дар охир як бори дигар ҳама шуморо ҳамватанони гиромӣ ба муносибати иди Рамазон табрику муборак бод гуфта, бароятон хушиҳои зиндагиро тамано дорем. Хона ободу сарбаланд бошед.

Шўрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон

Время намаза в Душанбе

02.04.2025

Подробнее
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Подробнее