РАФТИ ТАМОШОИ ИРОАИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАРКАЗИ ИСЛОМӢ
Чуноне, ки ҳамагон шоҳидем, 16 – уми декабри соли 2025 Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ки мазмуну муҳтавои Паём «Самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро дар бар гирифта буд. Дар паёми худ Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, дин, фарҳанг, маъориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, занон, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххасро ба миён гузоштанд. Имсол низ чун ҳамасола кормандони Маркази исломӣ бо як ҳисси баланди масъулиятшиносӣ рафти Паёми имсоларо дастаҷамъона тамошо карданд.
Выступления Президента
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
ПодробнееВыступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
Подробнее


