Главная Новости Қарори маҷлиси Шӯрои уламо дар бораи оғози моҳи шарифи Рамазон

Қарори маҷлиси Шӯрои уламо дар бораи оғози моҳи шарифи Рамазон

Қарори маҷлиси Шӯрои уламо дар бораи оғози моҳи шарифи Рамазон
2026-02-11
190
Қарори маҷлиси Шӯрои уламо дар бораи оғози моҳи шарифи Рамазон Рӯзӣ 10.02.2026 дар маҷлисгоҳи Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо баргузор гардид. Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода ҳозиринро ба муносибати омад-омади моҳи мубораки Рамазон табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол моҳи мубораки Рамазон дар кишвар рўзи панҷшанбе 19-уми феврал фаро мерасад. Баъдан аъзои Шӯрои уламо масъалаҳои рўзномаи маҷлисро муҳокима ва баррасӣ намуда, чунин қарор карданд: 1. Мувофиқи ҳисоби илмӣ аввали моҳи шарифи Рамазон дар соли 2026 ба ҳисоби тақвимӣ рўзи панҷшанбе 19-уми феврал муайян карда шавад. 2. Мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 64000 сомонӣ муқаррар карда шавад, ки аз он 1600 сомонӣ закот дода мешавад. 3. Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ ба ҳисоби гандум 7 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз 72 сомонӣ (барои шахсоне, ки тавоноии молии бештар доранд) муайян карда шавад. 4. Фидяи савм дар моҳи шарифи Рамазони соли 2026 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ва бемороне, ки аз сиҳатшавии онҳо умеде нест ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рўз муайян карда шавад. Маҷлис бо дуои хайри аҳли нишаст дар ҳаққи Пешвои миллату мардуми кишвар ҳусни анҷом пазируфт.
Время намаза в Душанбе

12.02.2026

Подробнее
Фаджр05:48
Зухр12:40
Аср16:03
Магриб18:06
Иша19:36
Выступления Президента
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Подробнее