Главная Новости ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА- РАИСИ ШУРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИТОҶИКИСТОН ДАР МУЛОҚОТ БО СОКИНОН ВА ФАЪОЛОНИ Н. МУЪМИНОБОДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА- РАИСИ ШУРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИТОҶИКИСТОН ДАР МУЛОҚОТ БО СОКИНОН ВА ФАЪОЛОНИ Н. МУЪМИНОБОДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА- РАИСИ ШУРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИТОҶИКИСТОН ДАР МУЛОҚОТ БО СОКИНОН ВА ФАЪОЛОНИ Н. МУЪМИНОБОДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
2026-08-14
22

Раиси Шурои уламои Маркази исломии ҶумҳурииТоҷикистон – Саидмукаррам Абдуқодирзода дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тарғиби дастовардҳои даврони Истиқлол бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12-уми августи соли 2026 дар ҳайати гурӯи кории Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон сафар намуданд. Дар ноҳияи Муъминобод дар толори ҷамоати деҳоти Деҳибаланд ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и деҳаи Чашмасори ҷамоати деҳоти Тутиён бо сокинони ҷамоати шаҳраки Чорсӯ ва ҷамоатҳои деҳоти Чашмасорон, Деҳибаланд, Боғгаӣ, Тутиён, Балхобӣ ва Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод суҳбату мулоқот таҳти унвони «Ҳифзу ҳимояи дастовардҳои Истиқлол дар раванди ҷаҳонишавӣ» баргузор гардид.

Раиси Шурои уламо дар бораи нақши арзишҳои маънавию ахлоқӣ дар таҳкими ҷомеаи солим ва ҳифзи суботи иҷтимоӣ суханронӣ намуда, таъкид кард, ки Истиқлоли давлатӣ барои рушди озоди ҳаёти динӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб ҷиҳати фаъолияти озоди эътиқодмандони кишвар заминаи мусоид фароҳам овардааст. Зикр гардид, ки дин бояд ҳамчун василаи таҳкими ахлоқи ҳамида, инсондӯстӣ, таҳаммулгароӣ, эҳтироми ҳамдигар ва ваҳдати ҷомеа хизмат намояд. Дар ин замина, зарурати баланд бардоштани маърифати динӣ, пешгирии хурофотпарастӣ ва тақлид ба фарҳангҳои бегона, инчунин ҳушёрии сиёсиву иҷтимоӣ ва пешгирии гароиши ҷавонон ба ғояҳои ифротӣ таъкид карда шуд.

Дар рафти суҳбату мулоқот масъалаҳои марбут ба таъсири ҷаҳонишавӣ ба фарҳанг ва ҳувияти миллӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии паҳншавии андешаҳои ифротӣ ва бегонапарастӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсӣ, тарбияи ҷавонон ва нақши оила дар ҳифзи арзишҳои миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид шуд, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ҳар як шаҳрванд бояд аз таҳдидҳои иттилоотӣ огоҳ буда, ба ҳар гуна иттилооти шубҳанок бо назари танқидӣ муносибат намояд.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози мамлакат бояд аз имкониятҳои фароҳамовардаи даврони Истиқлол самаранок истифода намуда, барои аз худ кардани донишҳои муосир, касбу ҳунар, технологияҳои нав ва забонҳои хориҷӣ кӯшиш намоянд. Дар баробари ин, эҳтиром ба таъриху фарҳанг, забони давлатӣ, арзишҳои миллӣ ва риояи меъёрҳои ахлоқию мазҳабию ҳуқуқӣ бояд ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти ҳар як ҷавони тоҷик бошад.

Другие новости

Время намаза в Душанбе

14.08.2026

Подробнее
Фаджр04:06
Зухр12:40
Аср17:28
Магриб19:28
Иша20:58
Выступления Президента
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Подробнее