Главная Новости ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ

ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ

ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ
2017-11-21
3722

Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар бунёди давлати ҷавону тозабунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол басо бузург аст. 16-уми ноябри соли 1992 дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин Иҷлосияи тақдирсоз, ки сарнавишти миллат ҳаллу фасл мешуд, вакилон якдилона ҷавони боғайрату ватандӯст ва сарсупурдаи миллат Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Ин руйдоди бузурги таърихӣ барои аз вартаи парокандашавӣ наҷот ёфтани давлату миллат, дар бунёди давлати нави тоҷикон  ва мақому манзалати бузург пайдо кардани он нақши бузург бозидааст.   

   Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба даст гирифтани зимони давлатдорӣ содиқ будани худро ба ин давлату миллат нишон дода, масъалаи баргардонидани гурезаҳоро  аз ҳама муҳимтар арзёбӣ намуд. Пешвои миллат дар роҳи сулҳ  ва таъмини амнияту якпорчагии кишвар, ба ҳам овардани мардум, тамомияти марзӣ саҳми арзанда гузошт. Сарвари оқил ва миллатдӯсту ватанпарвар аз рӯи ҳикмати бузургон амал карда, кинаю хусуматро аз дилҳо берун карда, барои сулҳу созишу ҳамдигарфаҳмӣ  роҳи васеъ кушод. Дар як муддати кӯтоҳ ҷангро хотима бахшидан яке аз ташаббус ва хизматҳои шоёну арзандаи Пешвои миллат маҳсуб меёбад. Таҷрибаи таърихӣ собит намуд, ки маҳз фаъолияти мақсадноку ҳадафмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар марҳилаи тақдирсоз боиси наҷот ва таҳкиму рушди давлати миллиамон гардид. Пешвои муаззами миллат тавонист ба ҷаҳониён хиради азалии миллати тоҷик, таҳамулгароӣ, башардӯстӣ, қобилияти сулҳофарӣ ва давлатсозии онро собит намояд. Дар як муддати кӯтоҳ Пешвои муаззами миллатамон тавонист, ки фарҳанги азалии миллати моро ба арсаи ҷаҳонӣ муарифӣ намоянд. Аз ҷумла, дар роҳи расидан бо мақсади ободии мамлакат ва рушди ҷомеа давоми 25 сол пешравиҳои зиёд ба назар мерасанд. Дар баробари бунёди иншоотҳои муҳим дар саросари мамлакат бунёд гардидани зиёда аз 4 ҳазор масоҷид ва адои маросими ҳаҷ ҳамасола беш аз шаш ҳазор, ки дар даврони Шуравӣ ин тавр набуд  ва  дар фазои орому субот адо кардани ибодат  яке аз дастовардҳои истиқлолият мебошад.

Тоҷиддинов Мансуруллоҳ,

имомхатиби масҷиди ҷомеи

ба номи Мавлоно Юсуфи шаҳри Ваҳдат

Другие новости

Время намаза в Душанбе

25.11.2024

Подробнее
Фаджр05:40
Зухр12:40
Аср15:14
Магриб17:09
Иша18:39
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее