Главная Новости САРОҒОЗИ ЗИНДАГИИ ҶАДИД

САРОҒОЗИ ЗИНДАГИИ ҶАДИД

САРОҒОЗИ ЗИНДАГИИ ҶАДИД
2017-11-21
3568

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

ҳамду санои беадад Худованди ягонаро ва дуруди саломи бепоён бар Расули гиромӣ (с) ва тамоми хонадону ёронаш бод!

Дар олам ҳар падидае оғозу анҷом дорад. Мисли умри инсон, ки Худованд онро барои ҳар нафар ба миқдоре муайян муқаррар намудааст. Дар ҳаёти мардуми шарифи тоҷик Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, сароғози зиндагии нав ва эҳёи давлатдории тоҷикон маънидод мешавад. ҳарчанд баъди ин иҷлосияи таърихӣ то соли 1997 беназмиҳо ва кирдорҳои даҳшатноке, мисли ҷангу даргириҳо дар ҳар минтақаи кишвар идома доштанд, вале муҳимтарин нақше, ки ин иҷлосия дар таърихи нави тоҷикон гузошт, оғози марҳилаи сулҳу субот, таъсиси ҳукумати нав ва барқароршавии тамоми сохторҳое буд, ки дар давраи солҳои 1991-1992 фалаҷ шуда буданд.

ҳамин тавр, ба андешаи банда, то Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ гӯиё зиндагӣ ба итмом расида буд, зеро умед ба фардо набуд, танҳо ҳамин ҷамъомади таърихӣ ва дар он ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии мамлакат интихоб гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардумро ба оғози як зиндагии ҷадид умедвор намуд. Таърихи 25 соли баъди баргузории Иҷлосияи 16-ум ба ҷаҳониён исбот намуд, ки ваъдаи нахустини Сарвари давлати тоҷикон «ман ба Шумо сулҳ меорам» ба кумаки Парвардигор пурра иҷро гардид. ҳоло баъди гузашти 25 сол Тоҷикистон аз лиҳози давлатдории муосир, аз нигоҳи ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа – иқтисодиву иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ва динию мазҳабӣ ба як кишвари дорои суботи устувор, сулҳи бебозгашт, кишвари соҳибташаббусу соҳибмақом дар минтақа мубаддал шудааст.

Дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади ботантана дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати 25-солагии баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ин ҷашн бузургу муборак номида шудааст. Воқеан, ин ҷашн ва ин сана ҳам бузургу ҳам муборак аст. Магар тарҳи ҳаёти аҳолии як кишвари дар доми бало бударо тағйир додан, ҷангу хунрезиҳоро ба сулҳу субот табдил додан амали мубораку бузург нест? Ашки чашмони ятимону бепарасторонро хушконидан, беш аз як миллион фирориро ба ватан баргардонидан, шикастаҳоро эҳё намудан, давлатро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшидан магар амали бузургу муборак нест? Ин ҳамаро қаҳрамонӣ, фидокорӣ, ҷоннисорӣ мегӯянд, ки дуруст аст.

Дар суханронии Пешвои миллат муҳимтарин далелу аснод оварда шуда, таҳлили бисёр амиқи вазъи Тоҷикистон дар тӯли 25 сол амалӣ шудааст. Ин суханронӣ бо он тафовут дорад, ки дар баробари таҳқиқи сабабу омилҳои нооромиҳои сиёсӣ дар гузашта, инчунин роҷеъ ба роҳу усулҳои ҳифзи Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ, ҳимояи ваҳдати миллӣ ҳамчун нахустунсури идеологияи миллӣ, зиндагӣ ва фаъолияти огоҳона дар рӯёрӯи шикасту рехти ҷаҳони муосир андешаҳои бисёр судманд баён гардиданд.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «бо дарназардошти вазъи ҷаҳони муосир баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва боз ҳам таҳким бахшидани худшиносиву худогоҳии миллии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон аз ҷумлаи масъалаҳои мубрами марҳалаи рушди кунунии давлатдориамон ба ҳисоб меравад». Ин таъкиди Пешвои миллат маънои дуруст муносибат кардан ба масъалаи тарбияи насли навро дорад, зеро маҳз ҳамин насл идомадиҳандаи кори имрӯзиён аст. Омӯзиш ва парвариши ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, огоҳӣ аз мазҳаби ҳанафӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифат ва маънавиёти онҳо фаъолияти як мақом ва як созмон набуда, ба тамоми ниҳодҳои ҷомеа дахл дорад. Миллату давлате комёб шуда метавонад, ки ҳамаи қишрҳои он даст ба дасти ҳам медиҳанд ва баҳри комёбию оромии кишвар саъйу талош мекунанд.

Другие новости

Время намаза в Душанбе

25.11.2024

Подробнее
Фаджр05:40
Зухр12:40
Аср15:14
Магриб17:09
Иша18:39
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее