Озмуни ҷумҳуриявии “Ҳифз ва қироати Қуръони карим”дар шаҳри Душанбе
Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон.
Озмуни
ҷумҳуриявии “Ҳифз ва қироати Қуръони карим”
дар шаҳри Душанбе
Рӯзҳои 6-7 майи соли 2015 дар пойтахти кишвари азизамон ш. Душанбе озмуни ҷумҳуриявии “Ҳифз ва қироати Қуръони карим” дар 5 ришта бо сарпарастии Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Дар озмуни мазкур қориёни каломуллоҳ аз тамоми гӯшаву канори кишварамон иштирок доштанд. Боиси фахр ва хурсандиии тамоми сокинони кишвар аст, ки чунин озмунҳо аз соли 2009 инҷониб бо дастгири роҳбарияти давлат ва Ҳукумати ш. Душанбе дар яке аз қасрҳои боҳашамати пойтахт, қасри “Равобити пойтахт” баргузор гардида истодааст. Бояд зикр намуд, ки Саидмукаррам Абдуқодирзода – Раиси Маркази исломӣ дар баробари масъулони ин озмун барои баргузории чорабинии мазкур фаъолона иштирок намуда, дар ибтидо ва интиҳои озмун бо дуои нек дар ҳаққи қориён ва ҳамаи нафароне, ки дар ин чорабинӣ саҳми худро гузоштанд, арзи миннатдорӣ намуда, шукрона аз он намуд, ки имрӯз мо дар як фазои тинҷу ором чунин маъракаҳои қуръонии худро анҷом дода истодаем.