Главная Новости ПОСУХИ Раёсати Маркази исломии Тоҷикистон ба рӯзномаи «Ҳашти субҳ»-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

ПОСУХИ Раёсати Маркази исломии Тоҷикистон ба рӯзномаи «Ҳашти субҳ»-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

ПОСУХИ Раёсати Маркази исломии Тоҷикистон ба рӯзномаи «Ҳашти субҳ»-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон
2015-05-19
4620

                    Агар аблаҳе мушкро ганда гуфт,

                     Ту маҷмӯъ бош, к-ӯ пароканда гуфт…

                                                                                                      Саъдӣ

         Маротибаи саввум ва ё чаҳорум аст, ки аз расонаҳои ахбори кишварҳое чун Эрону Афғонистон ба ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати дахолати нолоиқу носазовор ба умури иҷтимоии ин кишвари амну суботи минтақа ҳарфҳои тунд ва назароти танқиду танз садо медиҳанд. Дар мавриди ҳарфҳои бетааммули барандагони барномаҳои телевизионии хориҷӣ дар мавриди ришу ҳиҷоби мардуми аз онҳо садҳо фарсах дури Тоҷикистон ҷавобияҳои мақомоти динии кишвари Тоҷикистон расонаӣ шуданд ва инак, рӯзномаи ба унвон «Ҳашти субҳ»-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рӯзи 16-уми майи соли равон ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон перомуни қазияи ҳиҷобу риш дар Тоҷикистон матлабе чоп намуда ва «дастуру тавсияҳо» додааст, ки ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ аз хавфи таҷаммӯи ҷангҷӯён дар марзи кишвар корҳоеро ба субут расонад. 

         Иддаои «Ҳашти субҳ» дар назари аввал дурушт наменамояд: оғози ҷанги иттилоотӣ зидди Тоҷикистон бо баҳонаи ришу ҳиҷоб аз ҷониби чаҳор шабакаи телевизионии кишварҳои гуногуни арабизабон ва хатари бо ин баҳона ба Осиёи Марказӣ кашидани ноамниҳо аз ҷониби ҷангҷӯёни гирдомада дар марзи Афғонистон. Идомаи таҳлили ин нашрия ин аст, ки агар муколамаи Кобул бо толибон ҳалли сиёсӣ ёбад, пас барои ҷангҷӯёни узбакистонӣ ва ҳам тоҷикистонӣ дар Афғонистон ҷой намемонад ва ин таҳдиди воқеӣ ба амнияти Тоҷикистон хоҳад буд.

        Дар идома «Ҳашти субҳ» менависад: “Душанбе бояд мушкили обҳои муштарак бо Узбакистонро ҳал карда, бо роҳандозии пружаҳои бузурги иқтисодӣ зиндагии мардуми кишварро беҳбуд бахшад. Вақте амнияти иқтисодӣ таъмин аст ва мардум шуғле доранд, шикори гурӯҳҳои ифротӣ намешаванд. Тақвияти иқтисоди Тоҷикистон метавонад тамоми барномаҳои беруниро барои ноамнсозии ин кишвар хунсо кунад”.

         Ҳама ин дастуру тавсияҳо аз расонаи кишваре ирсол шуда, ки беш аз сӣ сол боз наметавонад мушкили дарунии хешро ҳал кунад. Ба касе пӯшида нест, ки Афғонистон солҳо боз ба майдони бозиҳои геополитикии  абарқудратҳо табдил ёфта ва сабаби асосии он - даст наёфтан ба ваҳдати сартосарии миллати Афғонистон аст. Агар он носеҳоне, ки гӯё ғами Тоҷикистонро хӯрданӣ мешаванд, сари масъалаи асосии амнияти Афғнистон-роҳу усулҳои муттаҳид сохтани миллат ва барпо кардани як давлати мутамарказро ҷиддан андеша мекарданд, дигар қуввае наметавонист онро тикаву пора кунад.

        Дар Тоҷикистон муноқишаи дохилӣ ҳамагӣ панҷ сол идома дошт ва маҳз сари вақт ба вуҷуд омадани як консепсиюни эҳёи миллӣ аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси бақои миллат гардид. Тармими бадан аз мағзи он шурӯъ шуд, на аз ҷойи дигар. Вақте ки мағз дуруст кор кунад, дигар тамоми буния ба он тобеъ хоҳад шуд. Агар ин таҷрибаро “дӯстони носеҳ”-и мо дуруст ба кор мегирифтанд, Афғонистон низ марҳилаи бозсозии миллиро кайҳо пушти сар мекард...

        “Насиҳати дигар” ин ки гӯё тақвияти иқтисоди Тоҷикистон монеаи хуруҷи ифрот хоҳад буд, кайҳо боз дар сохторҳои масъули Тоҷикистон тарҳрезӣ шудааст ва агар хабарнигорони “Ҳашти субҳ” аз миқдор ва анвои пружаҳои иқтисоди миллӣ ва пружаҳои муштарак бо кишварҳои хориҷӣ, ки дар кишвари Тоҷикистон ҳамасола амалӣ мешаванд, огоҳии комил медоштанд, ҳаргиз чунин хушкбаёниву тумтароқӣ намекарданд. Дар Тоҷикистон даҳҳо сохтору мақомоте ҳаст, ки ба рушди иқтисоди миллӣ масъулият доранд ва ҳамчунин даҳҳо нақшаву барномаҳое барои ба шуғл фаро гирифтани мардум татбиқ мешаванд.

         Аммо ҳамаи ин қазия барои дастандаркорони “Ҳашти субҳ” баҳонаест барои баруманд сохтани андешаи худ сари мавзӯи ришу ҳиҷоб. Тибқи усули маъмули аз сода ба кулл, ноқидони ин рӯзнома суханро аз ришу ҳиҷоб оғоз намуда, сарчашмаи тамоми кулфатҳои минбаъдаро аз ин ду омил баҳогузорӣ намудаанд. Ба “дӯстони насиҳатгарамон” ҳамин ишора бас аст, ки дар Тоҷикистон Сарқонун амал мекунад, ки дар он кулли ҳуқуқҳои мардум, аз ҷумла ҳаққи озодиҳои шахсӣ марқум аст ва дигар қонунҳо, аз ҷумла дар бораи эътиқодоти динӣ амал мекунанд ва касе ҳаққи нақз кардани онҳоро надорад. Зиёда аз ин, бо рушди ҷомеа ва бо назардошти вазъи минтақа ва ҷаҳон ҳар давлат масъул аст, ки сари вақт барои покизагии фарҳанги миллии хеш тадбирҳое андешад. Дар Тоҷикистон дини мубини Ислом ҷузъе аз фарҳанги миллист ва дину фарҳанг якдигарро мукаммал мекунанд. Ин як ҷумлаи одӣ нест, балки сиёсати фарҳангии Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳамин иддао сарчашма мегирад. Ишораи Сарвари давлат дар маҳфили зиёиёни кишвар роҷеъ ба покиза нигоҳ доштани фарҳанги пӯшиш танҳо ва танҳо ба бонувони кишвари Тоҷикистон дахл дошт ва ин як кори маъмулии ҳар садри аъзами дилхоҳ давлат аст. Аз ин як масъалаи дохилии як давлат, ки назму низоми фарҳанги як миллатро фаро мегирад, фоҷиаи байналмилалӣ сохтан ба қавле аз пашшае фил сохтанро мемонад. Ҳол он ки шариати Ислом аз пазириши ахбори бидуни таҳқиқ наҳй кардааст, он ҷо ки мефармояд:

         “Эй мӯъминон, агар фосиқе хабареро пеши шумо биёрад, пас, таҳқиқ кунед, (аз хавфи) он ки ба нодонӣ қавмеро зарар расонед, пас, бар он чи амал кардед, пушаймон шавед”. (Сураи “Ҳуҷурот”, 6).

        Ахиран, мунтазам пок нигоҳ доштани фарҳанг маънои бартараф сохтани хурофоту ифротро дорад, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон ин маънӣ аз ҷониби хосу ом пурра дастгирӣ карда мешавад.

         Ҳоло вазъи Тоҷикистон осудаву ором ва мардум дар меҳвари Ҳукумат ва Сарвари хеш муттаҳиду сарҷамъанд. Сиёсати давлати Тоҷикистон сиёсати дарҳои боз аст, сиёсати ҳамкориҳо ба хотири беҳбудиҳои умумист. Аз мо ба давлате ё ба миллате ҳаргиз озоре нарасидааст ва ҳамин гуна ниёз аз дигарон дорем. Чунончи Расули Худо (с) фармудаанд:

     “Ҳуқуқи ҳар як мусулмон назди мусулмони дигар муқаддас аст, хуни ӯ ва моли ӯ ва шарафу обрӯи ӯ”. (Ривояти Муслим).

       Барои рӯшан шудани вазъи аслии Тоҷикистон месазад аст, ки аз забони Ҳусайн Воизи Кошифӣ нақле биёварем:

     “Ҳакимеро пурсиданд, ки беҳтарин шикоре подшоҳонро кадом аст? Гуфт, ки сайди дилҳои раият кардан хубтарин шикорест, зеро чун дилҳои эшонро ба худ ром диҳад, дигар ҳама чиз дар паи дил меравад ва чун дӯстии подшоҳ дар дили раият ҷой гирифт, дигар ҳеҷ чиз бо вай музоиқа намекунад”.

Мулки маънӣ талабӣ, пайравии дилҳо кун,

Лашкарат гар набувад, мулк мусаллам набувад...

    Хулоса ин аст, ки Ҳусайн Воиз ишора намуда. Давлату миллат дар Тоҷикистон решаву пояи як дарахтеро мемонад, ки онҳоро аз ҳам чизе наметавонад ҷудо кунад.

Другие новости

Время намаза в Душанбе

25.11.2024

Подробнее
Фаджр05:40
Зухр12:40
Аср15:14
Магриб17:09
Иша18:39
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее