Главная Новости Рӯзи таърихии миллат

Рӯзи таърихии миллат

Рӯзи таърихии миллат
2018-04-03
4100

Дар ҳар давру замон шахсиятҳое пайдо мешаванд, ки бо баёни фикр ва андешаҳои худ дар назари мардуми тамоми олам шуҳратёр мешаванд. Имрӯз чунин шахсияти беназир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷикро ҳамчун зимомдори соҳаи оби ҷаҳонӣ мешиносанд ва Қабули қатъномаҳои Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об гувоҳи ин гуфтаҳо мебошанд.

Санаи 22.03.2018. барои миллати сарбаланди тоҷик рӯзи таърихӣ мебошад, зеро дар ин рӯзи Наврӯзи Оламафрӯз татбиқи ташаббуси навбатии Пешвои миллат-Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” оғоз гардид.

Солҳои 2018- 2028 барои миллати тоҷик даҳсолаест, ки дар тамоми конфронсҳои умумиҷаҳони оид ба об номи Тоҷикистон ва раҳбари он Эмомалӣ Раҳмон дар сархатти суханрониҳо садо медиҳад, ки ин ифтихори халқи Тоҷикистон мебошад.Аз ҷониби дигар, ин номи нек ифтихори аҳли ҷаҳон ҳам гардидааст. Зеро масъалаи об,таъмини оби нӯшокӣ, саршор кардани заминҳои хушку ташналаб маҳз тавассути пешниҳоди Пешвои миллати мо ҳалли худро меёбад. Ва ин пешниҳоди Ҷаноби Олӣ ҳамчун инсони ғамхори халқи ҷаҳон, далеру боҷуръат, донову дурбин,  масъалаҳои ҷаҳониро барои садсолаҳои оянда матраҳ месозад...

Банда дар мақолае гуфта будам: “Шахсияти бузурги миллӣ дастоварди бузурги миллат аст”. Ва воқеан Пешвои миллат ин ифтихор ва бахти мардуми тоҷик мебошад, ки тавассути он кас миллати мо дар назди чашми аҳли олам баробари бузургии худро нишон додан азизу мукаррам ҳам мегардад.

Мо ходимони дин доим бо давлати Тоҷикистон, роҳбари одил, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баланд рафтани обрӯи мамлакат ифтихор мекунем ва доим дуо мекунем, ки Тоҷикистон обод, Пешвои миллат саломат ва сарфароз бошанд.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода,

сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ба номи Шайх Маслиҳатдини ш. Хуҷанд

Другие новости

Время намаза в Душанбе

24.11.2024

Подробнее
Фаджр05:39
Зухр12:40
Аср15:14
Магриб17:09
Иша18:39
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее