Конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи ифротгароии динӣ
Дирӯз, 25-уми апрел бо ташаббуси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар Қасри фарҳанги шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ “Ифротгароии динӣ ва роҳҳои амалии пешгирии он дар маҳалҳо” баргузор гардид. Дар конфронси мазкур фаъолони вилоят, намояндагони сохторҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ходимони дин иштирок намуданд.
Конфронсро муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода бо сухани ифтитоҳии худ оғоз бахшид. Дар идома мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинашоҳ Вализода, Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода, муовини якуми Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбег Бегназаров, Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода маърӯза намуданд. Зимни суханронї Раиси Маркази исломї ќайд намуд, ки тамоми пешравиҳое, ки дар давлат ба вуҷуд меоянд, заминаи асосиашон сулҳу субот аст. Барои ҳамин таъмини оромӣ қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Дини Ислом барои таълиму тарбияи насли ҷавон аҳаммияти зиёд медиҳад, то волидайн дар дили фарзандони худ рӯҳияи имониро ҷой диҳанд, ки дар оянда онҳо натанҳо фирефтаи равияҳои гуногун нашаванд, балки барои ҳифзи кишвару миллату давлат ва дини худ як қалъаи пурқуввате бошанд.
Инчунин баромадкунандагон зикр намуданд, ки имрӯз дар қатори зуҳуроти дигари номатлуб паҳншавии ифротгароии динӣ дар олам, ки ба давлати мо ҳам бетаъсир нахоҳад буд, боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидани «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» заминаи ҳуқуқии муқовимат ба ифротгароиро боз ҳам қавӣ намуд. Аммо бояд дарк намуд, ки мубориза алайҳи ифротгароӣ ва терроризм танҳо дар сатҳи муборизаи меъёрӣ ва татбиқи таъсиррасонии ҷиноятӣ ба итмом намерасад. Дар ин паҳно воситаҳои иловагӣ ва унсурҳои мухталифи идеологӣ, ахлоқӣ, мафкуравӣ, илмӣ, иқтисодӣ ва динӣ низ шарт ва зарур мебошанд.