Муроҷиатномаи ходимони дини вилояти суғд ба созмонҳои байналхалқӣ
Мо - сархатибон ва имомхатибон, дар умум ҳамаи ходимони дини вилояти Суғд панҷ рӯз инҷониб дар ҳайрат ҳастем ва ба ин суоли худ посух ёфта наметавонем, ки дар дили Аврупо- дар шаҳри Варшава, ташкилоти бонуфузи Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо (САҲА) бо кадом ҳадаф ҷаласа барпо намуда истодааст. Ҳадафи аслии ин ташкилоти муътабар тавре аз номаш маълум аст, бояд таъмини амнияту субот бошад. Аммо ҳузури роҳбарону намояндагони гурӯҳҳои ифротию террористӣ чунин рисолат доштани САҲА-ро метавонад зери суол барад. Тавре мушоҳида намудем, дар ҳамин ҳамоиш як гурӯҳи хурди ватангурезон,хоинони миллати тоҷик эътилофи ихтилофангезе ташкил намуданду Кабирӣ нангу номусу орро канор гузошта аз номи миллат сухан мегуфт. Аз номи миллати тоҷик сухан гуфтани як хиёнаткору ҷинояткор боиси нигаронии амиқи мо -ходимони дин гардид ва дар як вақт мо ин амалкардро маҳкум мекунем ва ба ташкилкунандагони ҳамоишҳои Варшава чунин муроҷиат ва талаб менамоем.
Муҳтарам роҳбарон ва ходимони САҲА,
Оё шумо намедонед, ки ҳизби Наҳзат дар Тоҷикистони ба шумо дӯст ҳамчун ташкилоти экстремистӣ- террористӣ эълон гардидааст ва роҳбарону алоқамандони ин ҳизби мамнӯи ба ном динии Наҳзат, махсусан роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконашон ҳамчун террорист дар кофтуков мебошанду шумо онҳоро дастгирӣ карда минбар додед?
Шумо -роҳбарони САҲА доим даъво мекунед, ки Созмони мо дар чаҳон зидди экстремизм ва терроризм фаолият карда, экстремистон ва террористонро намегузорад, ки фаолияти хоинонаи худро давом диҳанд, аммо афсӯс чунин сиёсати духӯраву дугонаи шумо акси гуфтаатон мебошад.
Дар таълимоти ҳамаи динҳои олам хоинони ватан бадтарин инсонҳо ҳисоб мешаванд, нафароне, ки ҷиноят карда, сабаби ҷангу ҷидол шуда ба миллат, ватан ва мазҳаби худ хиёнат карданд, бояд онҳоро ҳеч кас дастгирӣ накунад.
Мо -ходимони дини вилоят Суғд аз ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, махсусан САҲА ва ташкилкунандагони ин ҳамоиш талаб менамоем, ки эътилофи ба тозагӣ таъсиснамудаи наҳзатиёнро ҳамчун эътилофи моҷароҷӯ эътироф намуда, роҳбарону пайравони ТЭТ ҲНИ-ро дар рӯзҳои боқимондаи ҷаласа роҳ надиҳед ва дар як вақт онҳо дар кадом давлате, ки сукунат доранд, бояд ҳамон давлатҳо онҳоро ба Тоҷикистон истирдод намоянд, ки онҳо дар назди халқу қонун ҷавоб диҳанд.
ХОДИМОНИ ДИНИ ВИЛОЯТИ СУҒД