Ҳамагон дар мусибату ғамгинӣ бояд шарики ҳам бошем
Ҳамагон дар мусибату ғамгинӣ бояд шарики ҳам бошем
Имрӯз 14-уми август муовини сархатиби масҷиди марказии ба номи Ҳоҷӣ Яъқуби ш. Душанбе домулло Саидакбар Яъқубов дар хутбаи намози ҷумъа оиди мавзӯи кӯмаку дастгирии бенавоён ва камбизоатон суханронӣ намуда, таъкид намуд, ки ҳамагон дар ҳар як мусибату ғамгинӣ бояд шарики ҳам бошем. Албатта ҳар як инсонро лозим аст, ки аз аҳволи бародари хеш огоҳ шуда, дар ҳама ҳолат паҳлӯи ӯ қарор дошта бошад. Номбурда қайд намуд, ки дасти кӯмак дароз кардан ба мардуми навоҳии ВМКБ ва ноҳияи Рашт, ки чанде пеш дар натиҷаи офати табиӣ зарар дида буданд, вазифаи ҳар як фарди муъмин ба шумор меравад.
Мавсуф пайравӣ аз мазҳаби ҳанафиро ҳамчун омили амну субот дар ҷомеа ёдовар шуда, аз ҳаёти Имоми Аъзам (р) чанд васфи ибратомӯзеро барои намозгузорон мисол овард. Имрӯз мардуми кишвар нисбат ба ҳар вақти дигар ба иттиҳоду ҳамбастагӣ ниёз дорем ва дар ин самт пайравӣ аз яккамазҳабӣ нақши бисёр муҳим дошта метавонад.
Номбурда дар охири мавъизаи худ дар ҳаққи тамоми намозгузорон ва мардуми шарифи кишвар дуои хайру некӣ ва сулҳу ваҳдати ҳамешагӣ намуд.
Другие новости
Маҷлиси Шўрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муайян намудани рўзи баргузории иди шарифи Рамазон дар соли 2026 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масоили марбут ба он.
Выступления Президента
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
Подробнее


