Қарори Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар бораи рўзи Иди саиди Қурбон

Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ дар бораи муайян кардани рўзи Иди саиди Қурбон қарор қабул кард. Раиси Шӯрои уламои Марказӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода аъзои Шўроро ба муносибати даҳаи Зулҳиҷҷа ва омад-омади Иди саиди Қурбон табрику таҳният гуфтанд. Раиси Маркази исломӣ қайд карданд, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи Иди саиди Қурбон дар кишвар ба рўзи шанбе 9-уми июл рост меояд.
Пас аз баррасии масъалаҳо Шӯрои уламо чунин қарор намуд:
- Мувофиқи ҳисоби илмӣ Иди саиди Қурбон дар тамоми қаламрави ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи шанбе 9-уми июли соли 2022 таҷлил карда шавад.
- Вақти баргузоршавии намози иди саиди қурбон соати 06:00 дақиқа муайян карда шавад.
Дар анҷоми ҷаласа Раиси Шўрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода аз аъзои Шўро ва имомхатибон талаб карданд, ки дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ суханронӣ намуда, дар дастгирии ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа, рушду шукуфоии кишвари азиз саҳми худро гузоранд.
Раёсати Шўрои уламо
أخبار أخرى

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Ташрифи Раиси Шўрои уламои Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода ба қисми ҳарбии 0121-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
خطاب رئيس المركز الإسلامي

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до
أكثر