Home News Табрикоти Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раиси Шўрои уламо муҳтарам Саидмукаррам Абдуқодирзода ба муносибати мушарраф шуданашон ба унвони доктори илмҳои филологӣ

Табрикоти Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раиси Шўрои уламо муҳтарам Саидмукаррам Абдуқодирзода ба муносибати мушарраф шуданашон ба унвони доктори илмҳои филологӣ

Табрикоти Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раиси Шўрои уламо муҳтарам Саидмукаррам Абдуқодирзода ба муносибати мушарраф шуданашон ба унвони доктори илмҳои филологӣ
2020-10-26
3934

Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раиси Шўрои уламо муҳтарам Саидмукаррам Абдуқодирзода ба муносибати ҳимояи рисолаи илмиашон дар мавзўъи “ҳусайн Воизи Кошифӣ ва суннати тафсирнигории қуръон ба забони форсии тоҷикӣ (асрҳои X-XV)” ва шарафёб шуданашон ба унвони доктори илмҳои филологӣ табрику таҳнияти самимона арз намуда, аз даргоҳи Худованди Мутаъол барояшон комёбиву сарбаландӣ дар зиндагӣ ва тавфиқу пирўзӣ дар роҳи хидмат ба дину мардуми кишвар орзуманд аст. Боиси хушҳолӣ ва сарфарозии ҳар як ходими дини кишвар аст, ки дар таърихи қариб як қарни гузашта нахустин бор як нафар намояндаи дин дар соҳаи илму маориф ба ин унвони баланди илмӣ мушарраф мегардад. Тибқи шаҳодати олимону устодоне, ки дар ҷаласаи илмии ҳимояи рисолаи мазкур иштирок доштанд, Раиси Шўрои уламо ҳамчун унвонҷў ба ҳама суолҳои ҳозирин ҷавобҳои мушаххаси илмӣ дода, дар ҳимоя кардани рисолаи хеш бисёр муваффақ буданд.

Дар ҳақиқат, Раиси Шўрои уламо ҳамчун як фидоии роҳи илм ҳама қуввату ғайрати худро барои пешрафти арзишҳои динӣ ва миллӣ сарф намуда, дар роҳи таҳкиму тақвияти мазҳаби ҳанафӣ ва баланд бардоштани сатҳи ахлоқу маънавиёти ҷомеа саҳми назаррас доранд.

Умед аст, ки ноил шудани Саидмукаррам Абдуқодирзода ба ин унвони баланди илмӣ ба эшон рўҳу илҳоми тоза бахшида, барои омода ва ба камол расонидани шогирдону мутахассисони варзида дар соҳаи илм ва хидмат ба дину мазҳаб ва мардуми кишвар омили муҳим хоҳад гардид.

Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар доктор Саидмукаррам Абдуқодирзодаро бо ин унвони баланди илмӣ шодбошу таҳният гуфта, барояшон комёбӣ ва саодати дорайнро таманно дорад.

Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон

Pray time in Dushanbe

27.04.2024

More
Fajr03:53
Zuhr12:40
Asr17:25
Maghrib19:24
Isha20:55
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More