Главная Статьи ШУКРИ НЕЪМАТИ ИСТИҚЛОЛ

ШУКРИ НЕЪМАТИ ИСТИҚЛОЛ

ШУКРИ НЕЪМАТИ ИСТИҚЛОЛ
2021-08-27
1491

Ба номи Худованди бахшандаву меҳрубон

Худованди бузург дар каломи худ бандагонашро даъват ба он мекунад, ки қабл аз ҳама ба он неъматҳое, ки барояшон додааст, шукрона кунанд. Чунончи Парвардигор дар ояти 7-и сураи «Иброҳим» мефармояд:

Ва он вақт, ки Парвардигори шумо хабардор сохт, ки агар шумо ба он неъматҳое, ки ман ба шумо ато фармудаам, шукрона кунед ва онро пос доред, ман ҳамон неъматҳоро афзун мегардонам ва агар ношукрӣ ва носипосӣ кунед, он гоҳ азоби ман бисёр дарднок ва сахт аст”.

Бале, ҳар неъматеро, ки Парвардигор барои мо арзонӣ фармудааст, бояд онро пос дошта шукри онро кунем. Яке аз ин неъматҳои илоҳӣ, мардуми шарифи тоҷик дар шароити сулҳу субот, тинҷиву амонӣ, дар шароите, ки ваҳдати миллӣ ҳукмфармост, фазои озодонаи изҳори андеша ва афкори шахсӣ ва озодии дину ақида, ки фароҳам оварда шудааст, зиндагонӣ карданашон мебошад. Ин ҳам бошад, яке аз дастовардҳои замони истиқлоияти давлати мо, мардуми тоҷик мебошад.

Қобили зикр аст, ки кишвари азизамон - Тоҷикистон дар тўли 30 соли истиқлоли худ рўз аз рўз ободу зебо мегардад. Дар кишварамон сулҳу озодӣ, ваҳдату ягонагии том пойдор аст. Аз ин ҷиҳат корҳои созандагию бунёдкорӣ пайваста авҷи тоза гирифта истодааст.

Дар даврони истиқлолият баҳри пешрафти иқтисодиёт ва ба ҳам пайванд кардани минтақаҳои Тоҷикистон сохтмони роҳҳои замонавӣ ва бунёд кардани нақбҳо оғоз гардид. Бо иқдомҳои Пешвои миллат сохтмони шоҳроҳи «Роҳи абрешим», бунёди нақбҳои «Анзоб», «Шаҳристон», «Шар-шар» ва «Чормағзак», сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, Душанбе – Хуҷанд – Чанак, Қулма-Қароқурум, роҳи оҳани Қўрғонтеппа–Кўлоб амалӣ гардиданд, ки боиси пешрафту тараққиёт гашта, мардум аз азияти ағбаҳои хатарнок растанд ва имкон фароҳам омад, ки ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир бошад ва дар ин замина вазъи равуо ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар сад дар сад беҳтар гардад.

Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони нерўгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, туннелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.

Бунёдкориву созандагӣ дар ин самтҳо вусъати тоза пайдо кард. Аз ҷумла, сохмони нерўгоҳҳои барқи обии «Сангтўда-1», «Сангтўда-2», як қатор нерўгоҳҳои хурд, хатҳои баландшиддати интиқоли нерўи барқи Ҷануб – Шимол, Лолазор – Хатлон, Лолазор – Сангтўда-1 ба истифода дода шуданд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ сохтмони иншооти ҳаётан муҳим – бунёди НБО-и Роғун анҷом ёфт.

Бунёди ҳайкали Исмоили Сомонӣ, барафрохтани Парчами миллӣ, ки назираш дар олам нест, китобхонаи миллӣ, осорхона, театр, сохтмони садҳо биноҳои баландошёна давлати моро дар қатори кишварҳои пешрафта қарор дода, аз дастовардҳои истиқлолият маҳсуб меёбанд. Сокинону меҳмонон бо завқ дар пойтахти мамлакатамон сайру гашт намуда, сайёҳони хориҷӣ шаҳри Душанберо «Шаҳри сабз» ном гузоштаанд. Пешрафти иқтисодиёт ва таъмини амнияти шаҳрвандон боис гашт, ки ҳамасола ба Тоҷикистон ҳазорон сайёҳони хориҷӣ ташриф меоранд.

Маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди фарҳанг диққати ҷиддӣ зоҳир карда шуд. Таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён, Соли тамаддуни Ориёӣ, Бузургдошти 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс маликушшуаро Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, 2500- солагии шаҳри Истаравшани бостонӣ, 2500- солагии Хуҷанд, 2700- солагии шаҳри Кўлоб, 700- солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 3000-солагии Ҳисор, бузургдошти Пешвои бузургтарин мазҳаби ростини ислом - Имом Аъзам (р), Ҷомиву Туғрал, Садриддини Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигар бузургону азизони миллат мутантан ҷашн гирифта шуд.

Дар баробари боигарии моддӣ фазои маънавии мардуми кишварамон низ беш аз пеш ғанӣ гашта истодааст. Ба хусус вазъияти динӣ дар кишвар хело муътадил аст. Иҷрои тамоми фароизи динӣ, доштани ибодатгоҳ, ҳаҷу зиёратҳо ва иҷрои ҳама маросимҳои динӣ тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» озод буда, бидуни монеъа, маҷбурият ва таассуб амалӣ мегарданд.

Агар мо ба дастовардҳои назарраси дар замони истиқлолият назар кунем, мебинем, ки дар тамоми 70 соли даврони Шўравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 17 масҷид фаъолият намуда ба зиёрати хонаи Худо ҳамагӣ 30 нафар шаҳрвандони мо мушарраф мегардиданд, аммо дар зарфи 30 соли истиқлолият давлатӣ тавассути Кумитаи оид ба корҳои дин зиёда аз 4000 масҷид ба қайд гирифта шудааст. Шаҳрвандони мо бояд донанд, ки аз ҷиҳати теъдоди масҷидҳо мо дар минтақа ва давлатҳои хориҷи наздик ҷойи намоёнро ишғол менамоем.

Илова бар ин, аз ҷониби давлат дар баробари арҷгузорӣ ба арзишҳои волои таърихиву фарҳангӣ ба арзишҳои динӣ низ эътибори ҷиддӣ дода шудааст. Аз ҷумла, чор маротиба китоби муқаддаси Қуръони карим ба забони адабии тоҷикӣ чоп шуда, ба таври ройгон ба мардум тақсим карда шуд.  Китобҳои “Саҳеҳ” – и Имом Бухорӣ, “Тафсири Табарӣ”, “Кимиёи Саодат” – и Имом Муҳаммад Ғазолӣ, тарҷумаи “Муснад” – и Имом Абўҳанифа, “Ҳидояи шариф”-и Аллома Марғелонӣ ва даҳҳо китобҳои дигари динӣ аз ҳисоби буҷети давлат нашр шудааст, ки барои баланд бардоштани маърифати динии шаҳрвандони ҷумҳурӣ мусоидат карданд.

Бо ташаббуси Пешвои миллат ҷиҳати арҷгузорӣ ба дини Ислом сохтмони бузургтарин масҷид дар минтақа ба поён расида, сохтмони бинои наву замонавии Донишкадаи исломӣ ҷараён дорад. Чунин хизматҳои шоистаи Роҳбари давлати тоҷикон  буд, ки Президенти мо аз ҷониби тамоми кишварҳои мусулмонӣ қадр карда шуда, маротибаи панҷум ҳамчун мусулмони фахрӣ дар сафи аввали 500 мусулмони ҷаҳон қарор дода шуданд.

Дар дунё чандин миллатҳое арзи вуҷуд доранд, ки шумораашон миллионҳо буда, дар орзуи давлату давлатдорӣ мебошанд, барои расидан ба ин омол азму талош мекунанд, ҳазорон нафарашон фидо шудаанд, аммо ватану давлат надоранд. Бояд ба қадри Пешвои миллат, ватану давлати худ бирасем ва ҳама чун як тан дар ободонии он заҳмат кашем.

       Ҳамаи ин пешравию ободкориҳои даврони истиқлолият бо шарофати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ насиби мо шудааст. Аз ин рў, мо бояд шукр кунем, ки Худованд ба мо чунин ватани азизу маҳбуб, ободу зебо ато намудааст.

Время намаза в Душанбе

29.03.2024

Подробнее
Фаджр04:43
Зухр12:40
Аср16:56
Магриб18:55
Иша20:25
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее