РОСТГЎӢ КАМОЛИ ИНСОНИСТ
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён.
Сарв агар хушк шавад, боз асо мегардад.
Ростӣ яке аз бузургтарин арзишҳои инсонӣ ва аз нишонаҳои муҳими имони ҳақиқист. Инсон бо ростӣ обрӯ меёбад, эътимоди мардумро ба даст меорад ва зиндагии худро бар пояи поквиҷдонӣ бунёд мекунад. Дурӯғ бошад, метавонад дар як лаҳза эътимодеро аз байн барад, ки барои ба даст овардани он солҳои зиёд заҳмат кашида шудааст.
Ростгӯӣ танҳо ҳақиқатро ба забон овардан нест, балки дар ният, рафтор, ваъда ва муносибат бо дигарон содиқ будан аст. Ростқавл инсонест, ки ҳақро пинҳон намекунад, хиёнат намеварзад ва барои манфиати шахсӣ ҳақиқатро дигаргун намесозад.
Худованди мутаъол дар Қуръони карим мефармояд:
«Эй касоне, ки имон овардаед! Аз Аллоҳ битарсед ва бо ростгӯён бошед». (Сураи «Тавба», ояти 119).
Ин оят моро ба он ҳидоят мекунад, ки ростӣ танҳо хислати хуби инсонӣ нест, балки вазифаи имонӣ ва роҳи наздик шудан ба ризои Худованд аст.
Ҳамчунин, дар Қуръони карим омадааст:
«Эй касоне, ки имон овардаед! Аз Аллоҳ битарсед ва сухани дуруст гӯед, то аъмоли шуморо ислоҳ кунад ва гуноҳонатонро биёмурзад».
(Сураи «Аҳзоб», оятҳои 70–71).
Бале, сухани рост метавонад муносибати моро ислоҳ кунад, ихтилофҳоро коҳиш диҳад ва моро ба зиндагии пок роҳнамоӣ намояд.
Паёмбари гиромии Ислом, ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам, фармудаанд:
«Ҳамоно ростӣ ба некӣ роҳнамоӣ мекунад ва некӣ ба биҳишт мебарад. Ва ҳамоно дурӯғ ба бадкорӣ роҳнамоӣ мекунад ва бадкорӣ ба оташ мебарад». (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).
Ин ҳадис моро ҳушдор медиҳад, ки ростӣ танҳо як сухани хуб нест, балки роҳи зиндагист. Инсон бо ҳар интихоби дуруст ба сӯи некӣ қадам мегузорад ва бо ҳар дурӯғ қадри худро паст мекунад ва пушаймониро фароҳам меорад.
Оре, ростию ростгўӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрўю эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст нахоҳад дод. Ростгўӣ ва росткориро ягон амали дигар паноҳ карда наметавонад. Ҳақиқат дар ҳамаи мавридҳо рўзе боло мебарояд. Ростӣ, яъне ҳақиқат хамеша манбаи осудаҳолӣ, ободӣ, озодӣ ва салоҳият аст.
Ростиро ба сарв ташбеҳ додаанд, ки ҳатто дар ҳолати хушкиаш боз ба асо, ки афсурдагонро қудрати роҳравӣ, пиронсолонро мадор мегардад. Пас, ростӣ занҷири пайвастаи ногусастанист, ки аз ҳар гузашти айём, аз ҳар беэътиноие канда намешавад, завол намеёбад, Росткорӣ ва ростгўӣ албатта, хислати шахсиятҳои бузургу бофаҳм ва озодандешу бофазилат аст. Ин гуна шахсиятҳо дар хонадонашон, дар тарбияи фарзандонашон, дар куҷое, ки набошад, росткоранд. Албатта, фарзандонашон низ ин хислатҳои бузурги инсониро ҷонибдорӣ намуда, дар байни табақаҳои гуногуни одамон фарқ карда меистанд.
Поктинат агар аз хок ба афлок расад,
Равиш аз даст надиҳад, вазъ дигаргун накунад.
Инсоне, ки дар муҳити дурусту бофазл ба воя расидааст, ҳамеша росткору поктинат ва бузургдилу бофазилат аст. Асоси фазилатҳои хуб дар муҳити хуб ва оилаи солим ба вуҷуд меояд, дар хуну дили кас ҷой мегирад ва ҳамин хел то дами пирӣ ёвару роҳнишондиҳандаи каси бохирад мегардад.
Мутаассифона, дар баъзе оилаҳо фарзандон на дар рўҳияи ростию росткорӣ, балки дар муҳити баду носолим ва бемаърифатӣ ба камол мерасанд. Дурўғгўянду бемаърифат, бетарбияанду разил, ки чунин хислатҳои бад, албатта, касро бо роҳи каҷу беҳосил ва зишту табоҳ бурда мерасонад, ки ҳеч гоҳ ба пешравӣ ноил намегарданд. Камолиддин Биноӣ бар ҳақ фармуда:
Ростонро баду бало нарасад,
Марди каҷрав ба ҳеч ҷой нарасад.
Ростгўӣ хислати басо бузургест, ки хоси ҳар кас буда наметавонад. Каси ростгўй виҷдону имони пок, қалбу рўҳи покро дорост. Ростгўиву росткорӣ ба хонаи кас таровату нур, файзу саховат ва баракату хушӣ меорад. Каси ростгўй мисоли гулу гиёҳи рўҳбахш ва оби мусаффо ҳаловатбахш аст, ки баробари шунидани ҳарфи росту бамавридаш аз дили поку беолоишаш гувоҳӣ меорад. Ба дили кас роҳ меёбад, писанд мегардад, мафтун мегардонад. Валекин дурўғу беэътиноӣ табъи касро хираву хотирро ошуфта сохта, эхтиромро нисбати гўяндааш дур мегардонад.
Салоҳи мардумон дар ростгўист,
Ки дар кизбу каҷӣ беобрўист.
Ростгўиву росткорӣ рисолатҳои инсони асилу бомаърифатанд. Инсоне, ки рисолаташро ба ҷо намеорад, дар қатори ҳайвонҳо қарор дорад. Ростгўӣ мисли пироҳани зебо касро, ботину вуҷудашро ороставу пероста ва зебову пурнур мегардонад. Ростгўй ҳамеша соҳибиззат, баобрўй ва соҳибқудрат аст. Амали некаш ҳамеша ўро ба муваффақият, ба иззати баланд мерасонад. Ў то дами марг ва ҳатто баъд аз марг низ дар дилу дидаи мардум ҷой мегирад. Ростгўӣ камоли инсонӣ, нишонаи бомаърифатӣ ва таҷассумкунандаи хиради волост.
Бузург он касе, к-ў ба гуфтори нек,
Забонро биорост, кажжӣ нахост,
Агар хоҳӣ дар ҳар ду саро обрўй,
Ҳама ростӣ кун, ҳама рост гўй.
Хулоса, ҳамеша бояд кўшид, ки аз дурўғ забон барбаст, аз бадӣ канор ҷуст. Ҳамеша ҷаҳд мебояд, то дар ҳамаи корҳо росткору ростгў ва ростқавлу роҳнамо буд, зеро фазилати бузурги инсони асил ростиву ростгўист. Аз бадиву дурўғ, фитнаву фасод дур мебояд буд, то роҳнамо гардид. Дар ноободиҳо ободӣ, дар зулмат нур, дар ҷаҳолат шодкомӣ ва дар зиндагӣ покию ростӣ ва осудаҳоливу хушӣ мебояд ҷуст, ки ҳама аз росткорӣ падид оянд.
Пас, биёед, ростиро шиори забон не, балки асоси зиндагии худ қарор диҳем. Дар гуфтор рост, дар амал поквиҷдон, дар муносибатҳо боинсоф ва дар иҷрои масъулиятҳо амонатдор бошем.
Парвардигоро!
Дилҳои моро аз дурӯғ, хиёнат, кина ва нифоқ пок гардон. Ба мо тавфиқ деҳ, ки дар осониву сахтӣ ҳақиқатгӯ бошем, ба аҳду паймон вафо кунем ва ҳуқуқи дигаронро риоя намоем. Фарзандони моро ростгӯ, покдил ва масъулиятшинос гардон. Дар фазои сулҳу оромӣ дар хонаҳои мо меҳру муҳаббат, ростӣ ва баракатро афзун намо.
Парвардигоро! Агар дониста ё надониста хато карда бошем, моро бибахш ва тавфиқи ислоҳи худро насибамон гардон. Дар рӯзи қиёмат моро дар қатори бандагони солеҳу ростгӯ қарор деҳ ва ба раҳмати хеш сазовор гардон. Омин, ё Раббал-оламин!
Ҳомидов Абдулвоҳид
Мутахассиси Раёсати фатво
Выступления Президента
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
ПодробнееВыступления Председателья Исламского Центра
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Подробнее


