Главная Новости 1352 ходими дин ба курси бозомӯзӣ ҷалб гардид

1352 ходими дин ба курси бозомӯзӣ ҷалб гардид

1352 ходими дин ба курси бозомӯзӣ ҷалб гардид
2019-11-01
4217

Дар 10 моҳи соли ҷорӣ 1352 нафар имомхатиб ба курси бозомӯзӣ ҷалб гардидааст. Ҳадафи асосии ба курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос фаро гирифтани ходимони дин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва динии имомхатибон мебошад. Дар раванди баргузории курсҳои бозомӯзӣ ба имомхатибон намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ташну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои дахлдор дарс гуфтанд. Мавзӯи асосии чунин дарсҳоро риояи талаботи Конститутсия, қонунҳои соҳавӣ, ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон, масоили марбут ба солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, ҳуқуқ ва озодиҳои асосии динии шаҳрвандони ҷумҳурӣ, таҳаммулгароиву инсондӯстӣ ва пешгирии табъизи шахсони мубталои бемориҳои сироятӣ, мазаммати нашъамандӣ ва хариду фурӯши одамон, нақши занон дар ҷомеа, баробарҳуқуқии мардону занон, солимии репродуктивӣ ва банақшагирии оила, пешгирии зӯровариву хушунат дар оила, инчунин худкушӣ, махсусан миёни духтарону занон ташкил дод. Қобили зикр аст, ки дар 10 моҳи соли равон сархатибон ва имомхатибону имомон аз шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, БохтарДанғара, Муъминобод, Ховалинг, Ш.Шоҳин, ВосеъҚубодиён, Панҷакент, Айнӣ, Зафаробод, Деваштич, ВМКБ, НурободРоғунВарзоб, Сангвор, Балҷувон, Темурмалик, Исфара, Истқлол, Гулистон, Куҳистони Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Ашт, инчунин халифаҳои ВМКБ дар курсҳои омӯзишӣ штирок намудаанд.

Ҳамзамон, 1352  ходими дин дар ҳошияи семинар-машварати омӯзишӣ аз мавзеъҳои хушманзари шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии осорхонаи миллии Тоҷикистон ва хона-музейи ба номи С.Айнӣ дидан намуданд. Аз суҳбат бо ходимони дин маълум гардид, ки онҳо баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангию маърифатиро ҷонибдорӣ намуда, нақши онро дар эҷоди тафаккури таҳаммулгароӣ ва ҳамзистии мусолиматомез муҳим медонанд.

Дар баробари иштирок дар семинари омӯзишӣ дар таърихи 25.04.2019 50 нафар аз халифаҳои ВМКБ дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ намоиши театрии «Ҷиноят ва ҷазо»-ро тамошо намуданд.

Дар анҷоми курси бозомӯзӣ ба ходимони дин гувоҳнома тақдим карда шуд.

Время намаза в Душанбе

23.04.2024

Подробнее
Фаджр04:01
Зухр12:40
Аср17:21
Магриб19:20
Иша20:51
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее