1352 ходими дин ба курси бозомӯзӣ ҷалб гардид
Дар 10 моҳи соли ҷорӣ 1352 нафар имомхатиб ба курси бозомӯзӣ ҷалб гардидааст. Ҳадафи асосии ба курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос фаро гирифтани ходимони дин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва динии имомхатибон мебошад. Дар раванди баргузории курсҳои бозомӯзӣ ба имомхатибон намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ташну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои дахлдор дарс гуфтанд. Мавзӯи асосии чунин дарсҳоро риояи талаботи Конститутсия, қонунҳои соҳавӣ, ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон, масоили марбут ба солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, ҳуқуқ ва озодиҳои асосии динии шаҳрвандони ҷумҳурӣ, таҳаммулгароиву инсондӯстӣ ва пешгирии табъизи шахсони мубталои бемориҳои сироятӣ, мазаммати нашъамандӣ ва хариду фурӯши одамон, нақши занон дар ҷомеа, баробарҳуқуқии мардону занон, солимии репродуктивӣ ва банақшагирии оила, пешгирии зӯровариву хушунат дар оила, инчунин худкушӣ, махсусан миёни духтарону занон ташкил дод. Қобили зикр аст, ки дар 10 моҳи соли равон сархатибон ва имомхатибону имомон аз шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Бохтар, Данғара, Муъминобод, Ховалинг, Ш.Шоҳин, Восеъ, Қубодиён, Панҷакент, Айнӣ, Зафаробод, Деваштич, ВМКБ, Нуробод, Роғун, Варзоб, Сангвор, Балҷувон, Темурмалик, Исфара, Истқлол, Гулистон, Куҳистони Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Ашт, инчунин халифаҳои ВМКБ дар курсҳои омӯзишӣ штирок намудаанд.
Ҳамзамон, 1352 ходими дин дар ҳошияи семинар-машварати омӯзишӣ аз мавзеъҳои хушманзари шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии осорхонаи миллии Тоҷикистон ва хона-музейи ба номи С.Айнӣ дидан намуданд. Аз суҳбат бо ходимони дин маълум гардид, ки онҳо баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангию маърифатиро ҷонибдорӣ намуда, нақши онро дар эҷоди тафаккури таҳаммулгароӣ ва ҳамзистии мусолиматомез муҳим медонанд.
Дар баробари иштирок дар семинари омӯзишӣ дар таърихи 25.04.2019 50 нафар аз халифаҳои ВМКБ дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ намоиши театрии «Ҷиноят ва ҷазо»-ро тамошо намуданд.
Дар анҷоми курси бозомӯзӣ ба ходимони дин гувоҳнома тақдим карда шуд.
Дигар хабарҳо
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗЎИ «КОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КАФИЛИ ТАЪМИНИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ШАХСӢ» (БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ ҚОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти нобаҳангоми донишманди адабу дин устоди гиромӣ Абдушариф Боқизода андўҳгин буда, ба аҳли хонадону пайвандонашон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ баён медорад.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА – РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИВӢ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗЎИ «НАҚШИ АРЗИШҲОИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР КОНФРОНСИ МАҶОЗӢ ДАР МАВЗЎИ «ҲАМСОЯГИИ НЕКИ ФАРҲАНГҲО ДАР АСРИ 21 ДАР КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ» (14-ум август-қазоқистон)
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар