Главная Новости ТЕРРОР МОЛИ ИСЛОМУ МУСУЛМОН НЕСТ!

ТЕРРОР МОЛИ ИСЛОМУ МУСУЛМОН НЕСТ!

ТЕРРОР МОЛИ ИСЛОМУ МУСУЛМОН НЕСТ!
2017-12-12
779

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Дини мубини Ислом аз ибтидо пайравонашро ба ибодат, осоиштагӣ, илмомӯзӣ, ҳунармандӣ, дӯстӣ ва бародарӣ ба ҳамаи қишри ҷомеа даъват карда ва мекунад. Аслан террор ё терроризм моли мусулмон нест. Агар ба таърихи Расули Худо (с) назар кунем, бармало равшан аст, ки дигарон қасди террори он Ҳазрат (с) карданд. Террорҳое, ки дар олам рух медиҳанд, танҳо аз афроде, ки нисбат ба ислом мансуб мешаванд, нест, балки пайравони дигар адён аз ин амали нафратангез орӣ нестанд. Ба қавли бузургон: Ислом ба зоти худ надорад айбе…

Мо дар давроне зиндагӣ дорем, ки сарчашмаи асосии Ислом Қуръон ба тамоми луғатҳо тарҷума шудааст, ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки дини поки Исломро ба терроризм алоқаманд гардонад. Ҳамагон медонанд, ки Пешвои миллат аз минбари созмонҳои баланди ҷаҳонӣ изҳор доштанд, ки дини мубини Ислом аз терроризм пок аст ва иртиботе ба он надорад, инчунин таъкид карданд, ки террорист дин, мазҳаб, миллат ва ватан надорад. Агар гуфтаи Пешвои миллатро таҳқиқ кунем, ба хубӣ дарк мекунем ва мебинем, ки террористон ба ҳар шаклу шамоил, ҳам ба либоси исломӣ ва ҳам ба либоси низомию ғайра барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ ин амали нангинро анҷом медиҳанд.

Чунонки маълум аст, рӯзи ҷумъа, 24-уми ноябр дар масҷиди Ар-Роуди нимҷазираи Синои Ҷумҳурии Миср зимни адои намоз ҳамлаи террористӣ содир карда шуд, ки бар асари он 305 нафар ба ҳалокат расид. Ин воқеаи даҳшатовар ҳеҷ як фарди солимро бе тафовут гузошта наметавонад. Ходимони дини Тоҷикистон ин амали ғайриинсониро маҳкум намуда, барои наздикони фавтидагон сабри ҷамил, бурдборӣ ва ҳаёти осоишта дар зиндагиашон аз даргоҳи Худованди маннон талаб доранд. Мо тоҷикон ҳеҷ гоҳ намехоҳем, ки дар ягон гӯшаи олам новобаста аз эътиқодот  нафаре зери зулму куштори бадхоҳон қарор гирад. Барои ҳамаи башарият сулҳу субот, тинҷию амонӣ, дӯстию бародарӣ хоҳонем, зеро Худованд инсониятро ба ин андеша тавсия додааст: «Ва ҳамагон даст ба ресмони Худо занед ва пароканда машавед ва аз неъмате, ки Худо бар шумо арзонӣ доштааст, ёд кунед, он ҳангом ки душмани якдигар будед ва Ӯ дилҳоятонро бо ҳам меҳрубон сохт ва ба лутфи Ӯ бародар шудед ва бар лаби чоҳе аз оташ будед, Худо шуморо аз  он бираҳонид». (Оли Имрон; 103).

Аҳодиси Пайғамбар (с) дар ҳаҷҷатул-вадоъ гувоҳии ин аст: 

«Эй мардум! Ҳаройина Парвардигори шумо ягона аст ва ҳаройина падари шумо як кас аст. Огоҳ бошед, ки арабиро бар аҷамӣ ва аҷамиро бар арабӣ, сурхпӯстро бар сиёҳпӯст ва сиёҳпӯстро бар сурхпӯст фазлу бартарӣ нест, магар ба тақво ва парҳезгорӣ, ҳаройина гиромитарини шумо назди Худованд парҳезгортарини шумо аст...».  (Муснади Имом Аҳмад; ҷ. 5, с. 411)

Хулоса, дар таълимоти шариати Ислом хайрхоҳӣ ва хайрандешӣ нисбати умуми одамиён аз волотарин аъмол ва ахлоқи  имонист, вақте инсон дар ин ҳаёти зудгузари дунё хушахлоқу парҳезгор бошад, бо мардум муомилаи шарифона дошта бошад ва дар ҳаққи бандагони Худо мушфиқу меҳрубон бошад, албатта чунин шахс шомили раҳмати бепоёни Худованд аст.

Раёсати фатвои Маркази исломӣ

Время намаза в Душанбе

20.07.2018

Подробнее
Фаджр03:38
Зухр13:00
Аср17:55
Магриб19:56
Иша20:26
Выступления Президента
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ ИДИ ФИТР

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ ИДИ ФИТР

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Табрикоти Саидмукаррам Абдуқодирзода, Раиси Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибаи фарорасии моҳи шарифи рамазон

Табрикоти Саидмукаррам Абдуқодирзода, Раиси Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибаи фарорасии моҳи шарифи рамазон

Подробнее