Главная Новости ТЭТ ҲНИ ДАР САҲИФАҲОИ “АЛ-АҲРОМ”

ТЭТ ҲНИ ДАР САҲИФАҲОИ “АЛ-АҲРОМ”

ТЭТ ҲНИ ДАР САҲИФАҲОИ “АЛ-АҲРОМ”
2018-10-17
3816

Машҳуртарин рӯзномаи мисрии “ал-Аҳром” дар шумораи навбатии худ аз 17 октябри соли 2018 Конференсияи байналмилалии сатҳи баланди Қоҳираро пўшиши хабарӣ дода, дар бораи сиёсати зиддиинсонӣ ва зиддиисломии ТТЭ ҲНИ мақолаи таҳлилӣ ба табъ расонидаст.

Ёдовар мешавем, ки санаи 16 октябри соли 2018 дар пойтахти Ҷумҳурии Арабии Миср шаҳри Қоҳира зери сарпарастии Раиси Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ маросими ифтитоҳи чаҳорум Конференсияи Дабирхонаи муфтиётҳои ҷаҳон таҳти унвони "Таҷдиди фатво аз нигоҳи илмї-назариявӣ ва амалӣ" ба кори худ оғоз кард. Дар ҳошияи конференсяи мазкур ҳайати расмии 73 кишвари ҷаҳон бо шумули донишмандони соҳа, пажуҳишгарон, сарони муфтиҳо, роҳбарони Кумитаҳои дин, Сафирони фавқулода ва мухтори муқими Миср ва намояндагони баланпояи Ҳукумати Миср ширкат доранд. Раиси Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода низ дар ин чорабинии сатњи баланд иштирок ва суханронї намуд.

Время намаза в Душанбе

26.04.2024

Подробнее
Фаджр03:55
Зухр12:40
Аср17:24
Магриб19:23
Иша20:54
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее