Главная Новости

Новости

Профессори Донишгоҳи давлатии Миср Аҳмад Сомӣ: «Дахолати хориҷӣ сабаби асосии коштани тухми ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ гардид»

Шоми 18 октябри соли равон дар толори конфронсии “Маркази тадқиқоти байналмилалии шаҳри Қоҳира” вохӯрии Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ва устоди забони форсӣ-тоҷикии факултети адабиётшиносии Донишгоҳи Айни Шамс профессор Аҳмад Сомӣ бо аъзои Ҷамъияти тоҷикони Миср доир гардид.

2018-10-20
76
Конференсияи байналмилалии Қоҳира: Шӯрои уламои ҷаҳон ТТЭ ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ ва маблағгузори онро душмани башарият хонданд

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 16-18 октябри соли 2018 дар меҳмонхонаи “Алмоса”-и Қоҳира зери сарпарастии Раиси Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ чаҳорумин Конференсияи Дабирхонаи муфтиёти ҷаҳон таҳти унвони «Таҷдиди фатво аз нигоҳи илми назариявӣ ва амалӣ» баргузор гардид.

2018-10-20
70
Ректори Донишгоҳи Истанбул: «Тоҷикистон ва Туркия- шоҳиди ду кӯшиши ноком ба табаддулоти давлатӣ»

Дар конфронси мазкур раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, муовини аввали муфтии шаҳри Истанбул Вейсел Ишилдар, муфтии ноҳияи Фатиҳи шаҳри Истанбул Веҳап Капиҷиоғлу, ректори Донишгоҳи Истанбул профессор Маҳмут Ак, Раиси Шӯрои олимони Донишгоҳи Истанбул доктор Нурҷан Гудер ва раиси Анҷумани тоҷикон дар Туркия Зафар Мақсудов иштирок ва суханронӣ намуданд.

2018-10-18
95
ТЭТ ҲНИ ДАР САҲИФАҲОИ “АЛ-АҲРОМ”

Машҳуртарин рӯзномаи мисрии “ал-Аҳром” дар шумораи навбатии худ аз 17 октябри соли 2018 Конференсияи байналмилалии сатҳи баланди Қоҳираро пўшиши хабарӣ дода, дар бораи сиёсати зиддиинсонӣ ва зиддиисломии ТТЭ ҲНИ мақолаи таҳлилӣ ба табъ расонидаст.

2018-10-17
149
Саидмукаррам Абдуқодирзода хост то уламои исломӣ ТЭТ ҲНИ-ро ҳамчун ташкилоти террористии байналмилалӣ эътироф кунанд

Саидмукаррам Абдулқодирзода дар рафти суханронии худ даъват намуд, ки идораҳои дахлдори динии кишварҳо барои маҳкум сохтани фаъолияти ТТЭ ҲНИ дар сатҳи ҷаҳонӣ фатвоҳои лозима содир намоянд. Ин амр бо дарназардошти ҷиноятҳои террористии ТТЭ ҲНИ дар тӯли чил сол аст, ки амали ҷинояткоронаи онҳо дар соли 2015 ба қуллаи худ расид. Онҳо бо инқилоби нокоми хеш тамоми мардуми осоиштаро дар ваҳму тарс қарор дода, бар зидди ҳукумати қонунии Тоҷикистон қиём намуданд.

2018-10-17
185
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ИСТАНБУЛ: “ХАТАРИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ ҲИЗБИ НАҲЗАТ АЗ “ДОИШ” ВА “АЛ-ҚОИДА” КАМ НЕСТ”

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода зимни суханронӣ оид ба пайдоиши ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нақл карда, зикр намуд, ки тамоми рӯҳониёни машҳури тоҷик ҳамон солҳо таъсиси ҳизби наҳзати исломиро қабул надоштанд, онро дастгоҳ ва манбаи идеологияи аҳли ташайюъ дониста, фаъолияташро зараровар, ғайри қобили қабул ва муқобил ба суботу оромии мамлакат ҳисобида буданд.

2018-10-16
116
Время намаза в Душанбе

24.10.2018

Подробнее
Фаджр05:14
Зухр13:00
Аср15:47
Магриб17:45
Иша19:15
Выступления Президента
Паёми телевизионӣ ба муносибати Иди саиди Қурбон

Паёми телевизионӣ ба муносибати Иди саиди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Подробнее