Асосӣ Мақолаҳо ТЕРРОРИСТОН-ДУШМАНОНИ ДИНУ МИЛЛАТ!

ТЕРРОРИСТОН-ДУШМАНОНИ ДИНУ МИЛЛАТ!

ТЕРРОРИСТОН-ДУШМАНОНИ ДИНУ МИЛЛАТ!
2019-11-25
1956

Ҳодисаи террористие, ки 6 ноябр соли 2019 дар минтақаи наздисарҳадии кишвар иттифоқ афтод, мо ходимони динро хеле нороҳат кард. Зеро гурӯҳе даст ба ҷинояту террор зад, ки мутаассифона аз номи ислом баромад мекунаду исломро ба худ ниқоб қарор медиҳад. Дар асл онҳо аз ислом як заррае хабар надоранд, агар онҳо воқеан исломро мешинохтанд ва аз ин дини пок бохабар мебуданд, ҳеҷ гоҳ ба ин амали террористӣ даст намезаданд ва сабаби кушта шудани мусалмоне намешуданд. Зеро ки Худованди мутаол дар Қуръони азимушшаънаш мефармояд: “Ҳар кас як нафарро қасдан ба қатл расонад, гӯё ки хамаи мардумро ба қатл расонидааст ва ҳар кас ки сабаби зиндагии касе шавад, гӯё ки сабаби зиндагии тамоми мардум шудааст”. Оё ин гурӯҳи палид  мехохад бо ин амал давлати тинҷу ободи моро халалдор созад ва мусалмонро бо дасти мусалмон аз байн барад? Мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва дучори фитнаву тафриқаи душманони дину миллат нагардем, ҷавонҳои мо ҳушёр бошанд, то дар доми ин гурӯҳи фитнаангезу золим наафтанд. Мо бояд ба қадри ин тинҷиву оромии кишвар бирасем ва барои пешрафти кишвари азизамон ҳиссаи худро гузорем

Илҳом Аминов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи  Муҳаммад Иқболи ш. Истаравшан

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:01
Пешин12:40
Аср17:21
Шом19:20
Хуфтан20:51
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар