Асосӣ Мақолаҳо Ватандўстӣ ҷузъи имон аст

Ватандўстӣ ҷузъи имон аст

Ватандўстӣ ҷузъи имон аст
2020-02-28
2241

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Ҳамду сано Худовандеро, ки Паёмбари худро барои ҳидояти мардум мабъус гардонид. Шаҳодат медиҳам, ки нест маъбуде ғайри Худованди ягона, ки Ҳабибашро раҳмате бар оламиён қарор дод ва шаҳодат медиҳам, ки Муҳаммад (с) беҳтарин махлуқоти Ўст, дорои ахлоқи некў ва фазилати бузург. Дуруду салом ва баракоти бепоён ба ў ва хонадону ёронаш.

Аз назари таълимоти шариат дўст доштани Ватан, дифоъ ва ободонии он қарзи ҳар як мусулмон ба ҳисоб меравад. Худованди тавоно дар Қуръони карим ба Ҳазрати Мустафо (с) дар мавриди ватан чунин фармудааст:

«Ба дурустӣ Он, ки Қуръонро бар ту фарз кард, албатта, туро ба ҷои бозгашт бозгардонанда аст». (Сураи «Қасас», ояти 85)

Тафсир: Ин оят дар сарзамини «Ҷуҳфа» аснои сафари Паёмбар (с) нозил гардидааст. Паёмбар (с) мехоҳад ба Ясриб биравад, истеъдодҳои нуҳуфтаро шукуфо созад ва онҷоро пойгоҳе барои аҳдофаш қарор диҳад, аммо бо ин ҳол ишқу дилбастагии Ў ба Ватан сахт ўро озор медиҳад ва дурӣ аз ин Ҳарами амни илоҳӣ барои ў бисёр ногувор аст. Ў пас аз тааммули зиёд соатҳо рўй сўи Ватан, ғамгин, хомўш ва маҳзун мемонад. Инҷост, ки нури ваҳй ба қалби покаш метобад ва башорати бозгашт ба сарзамини маҳбубро ба ў медиҳад ва Худованд мегўяд :

«Ҳамон касе, ки Қуръонро бар ту фарз кард, туро ба ҷойгоҳ ва зодгоҳат бозмегардонад» (Тафсири Қуръони карим).

Ояти мазкур дар тафсири «Мароғӣ» чунин шарҳ дода шудааст: Чун Паёмбар (с) аз ғори Савр берун шуд ва озими Мадинаи мунаввара гардид, яъне ватани худро тарк (ҳиҷрат) мекард, дар минтақаи Ҷуҳфа байни Маккаву Мадина қарор гирифт, роҳи Маккаро шинохт, маҳзун шуд, дилаш ба ватан майлон гардид, зодгоҳ ва зодгоҳи аҷдодонашро ба ёд овард. Ин буд, ки Ҷабраил нозил шуд ва пурсид: Муштоқи ватан ва зодгоҳат шудӣ? Паёмбар (с) посух доданд: Бале! Пас ин оят нозил шуд:

«Ҳамон касе, ки Қуръонро бар ту фарз кард, туро ба ҷойгоҳ ва зодгоҳат бозмегардонад» (Тафсири «Мароғӣ»).

Инчунин масъалаи дўст доштани Ватан зимни ояти 144 сураи «Бақара» баён гардидааст.

Пас аз ҳиҷрат ба Мадинаи мунаввара Паёмбар (с) ҳамвора бо иштиёқи хос ба сўи ватани худ менигарист. То ин замон қиблаи мусулмонон Байтулмуқаддас буд, валекин Паёмбар (с) орзу дошт, то қибла Маккаи мукаррама бошад. Ҳарчанд дар хусуси тағйири қибла ихтилофи назарҳо вуҷуд дорад, тибқи ривояти баъзе муфассирин, Худованди огоҳу доно ин орзуи Паёмбар (с)- ро амалӣ кард ва барои хушнудии Паёмбар (с) қибларо тағйир дод:

 «Ба дурустӣ ки Мо гаштани рўи туро дар ҷониби осмон мебинем. Пас, албатта, туро ба он қиблае мегардонем, ки ба вай хушнуд шавӣ. Пас рўи худро ба тарафи Масҷиду-л-ҳаром бигардон; ва ҳар ҷо, ки бошед, рўйҳои худро ба тарафи вай бигардонед» (сураи «Бақара», ояти 144).

Инчунин иборае мавҷуд аст, ки дўст доштани ватанро ба ҳама воҷиб мегардонад: «Ҳуббу-л-ватани мина-л-имон», яъне дўст доштани ватан аз имон аст.

«Ҳуббу-л-ватан» дўст доштани ватан аст, муҳофизати ватан аст, хизмати ватан аст, обод кардани он аст, садоқат ва ростӣ аст. Ибораи мазкурро баъзеҳо ҳадис, гурўҳи дигар хабар ё қавл медонанд. Аммо ҳамагон дар воҷиб будани «Ҳуббу-л-ватан» иттифоқ доранд.

         Ҳифзи содиқонаи манфиатҳои милливу давлатӣ, аз тамоми манфиатҳои дигар афзал донистани манофеи давлату миллат, саъю талоши пайваста ба хотири мустаҳкам намудани пояҳои давлати миллӣ, ҳифзи соҳибистиқлолии Ватан, суботи иҷтимоӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва иқтидори иқтисодии давлат вазифаи шаҳрвандӣ ва масъулияти фарзандии ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Ҳар як фарди баномуси кишвар бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорад, ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ бошад, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо биёрад, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошад, ба хотири пешрафту ободии давлати соҳибистиқлоламон ва рӯзгори осудаву ороми ҳар як хонадони кишвари азизамон шабу рӯз заҳмат бикашад .

         Агар ба таърихи паёмбарон назар кунем, мебинем, ки Ҳазрати Мўсо (а) ҳарчанд дар Мадян иқомат дошт, охир ба ватан баргашт. Юсуф (а) дар Миср мулки шоҳӣ дошт, охир ба ватан баргашт. Ҳазрати Иброҳим (а) дар ҳаққи ватан дуо кард, Худо дуояшро мустаҷоб гардонд:

Ва он гоҳ, ки Иброҳим гуфт: «Эй Парвардигори ман, ин маконро шаҳри боамн бисоз ва аз сокинонаш касеро, ки ба Худо ва рўзи бозпасин имон оварад, аз меваҳо рўзӣ деҳ!» (Сураи Бақара, ояти 126).

Имрўз бояд ба қадри ватан, ба қадри сулҳу субот, оромиву амнияти кишвар бирасем, ба фарзандон диққати ҷиддӣ дода, онҳоро тарбияи хуб намоем, илм омўзонем, маърифатпарвар ва ватандўст ба воя расонем.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:44
Пешин12:40
Аср16:55
Шом18:54
Хуфтан20:24
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар