Асосӣ Мақолаҳо СИЛ ҲАТМАН ТАБОБАТ МЕШАВАД, НАБОЯД НОУМЕД ГАРДИД!

СИЛ ҲАТМАН ТАБОБАТ МЕШАВАД, НАБОЯД НОУМЕД ГАРДИД!

СИЛ ҲАТМАН ТАБОБАТ МЕШАВАД, НАБОЯД НОУМЕД ГАРДИД!
2026-04-21
26

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

         Яке аз бемориҳои сироятии марговар Сил аст, ки ҳеҷ ҷомеъае дар ҷаҳон аз хатари он эмин намебошад, зеро тибқи оморҳои расмӣ ҳар сол дар ҷаҳон беш аз 10 миллион нафар ба ин беморӣ мубтало гардида, аз ин шумора беш аз 1.5 миллиони онҳо мемиранд.

          Силро дар замонҳои пеш одамон бемори "пажмурдагӣ" номида, сабаби асосии сирояти онро "ҳавои вайроншуда" меҳисобиданд ва барои он усулу роҳҳои гуногуни табобату дармонро низ тавсия медоданд. Аз он ҷумла истеъмоли дурусти таъом буд.

           Аз ин гузашта, импературҳо гоҳе дар ҷангҳои зидди ҳам бемории Силро ҳамчун яроқи биологӣ истифода мебурданд, ки мисоли боризи он ҷангидани 300 тан аз ҷанговарони юнонӣ бо лашкари ҳахоманишиён аст. Дар сарчашмаҳо омадааст, ки ин 300 тан ҷанговар мубталои Сил буда, шоҳи Юнон - Леонид онҳоро хос барои сироят ёфтани лашкари Куруш ва дар эрониён паҳн шудани эпидемияи Сил фиристода буд.

          Сил агарчӣ дар миёни табақаи камбизоати ҷомеъа бештар пайдо мешавад, аммо шахсони маъруф ва  сарватманде, ки ё ба ин беморӣ гирифтор шуда ё аз ин беморӣ фавтидаанд, низ кам нестанд. Монанди: Тутанхамон (1358-1340 пеш аз мелод)-фиръавни Миср, Йоҳанн Гётӣ (1749-1832) - адиби олмонӣ, Фредерик Шопен (1810-1849) - оҳангсози лаҳистонӣ, Фёдор Достоевский (1821-1881) - новелланависи рус, Антон Чехов (1860-1904) -    нависандаи рус, Элеанор Рузвелт (1884-1962) - гуманисти амрикоӣ ва Адолф Гитлер (1889-1945 ) - диктатори олмонӣ

         Сил агарчӣ таърихи куҳан дорад ва асрҳост, ки боиси нигаронии ҷомеъи башарӣ гардидааст, аммо микобактерияи он соли 1882 аз ҷониби донишманди олмонӣ Роберт Кох кашф гардидааст, ки имрӯз бо номи "Чубчабикроби Кох" маъруф аст. Ҳама сола 24 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил,  ба рӯзи маърузаи олим номбурда рост меояд. 

         Бемории Сил бештар ба шуш таъсир мерасонад, аммо дигар узвҳо, аз ҷумла: мағзи сар, сутунмуҳра, устухону пайвандҳо, узви ҳозима, пуст, олати таносул аз он эмин нестанд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

                                                                   Саъдӣ

 

        Дар кишвари мо Тоҷикистон шахсони мубталои Сил кам нестанд, аммо хушбахтона рӯз ба рӯз ҷараёни сироятёбӣ аз ин беморӣ ва фавтидани сироятёфтагони он хеле кам шудааст, зеро ҷиҳати пешгирӣ ва ҳимояи аҳолӣ аз ин беморӣ Ҳукумати Ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст. 

        Қобили зикр аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ барои шахсони гирифтори Сил табобатро дар ҳудуди ҷумҳурӣ ройгон ба роҳ мондааст. Аз соли 2002 то ин ҷониб тамоми доруҳои зиддисилӣ дар кишвари мо барои сироятёфтагон таъмин мегардад ва тамоми хидматрасониҳо низ маҷҷонӣ роҳандозӣ гардидааст.

       Ҷиҳати пешгирӣ намудани Сил пеш аз ҳама аҳли ҷомеъаро лозим аст, ки то дар бораи ин беморӣ як андоза маълумоти кофӣ дошта бошанд, ки ин бевосита аз паҳншавӣ монеъ мегардад. Чунонки Паёмбари Худо фармуданд:

         “Муъминон дар дӯстӣ ва тараҳҳум ба якдигар монанди аъзои як тананд, вақте яке ба дард ояд, дигарон ҳам дар бехобиву дард онро шарик мегарданд”. (Муслим, 2586)

                       Ҳар шаб зи худат бипурс, агар ту мардӣ

                       К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

                                                               А. Лоҳутӣ

 

       Имрӯз раҳбарони тамоми кишварҳои дунё низ ҳамфикр шуда, барои маҳв намудани бемории Сил чора меандешанд, ки ин ҳамкорӣ натиҷаи мусбатро дар пай дорад. Чунонки Паёмбари Худо (с) фармуданд: “Раҳмати Худо ҳамроҳ ҷамоат аст”. (Тирмизӣ, 1848)

       Сил агарчӣ як бемории сироятии хатарнок аст, ки инсонро ба ҳалокат мерасонад, аммо яқинан табобатшаванда ва шифоёбанда аст, агарчӣ табобати он муддати дарозеро тақозо мекунад. Бинобар ин, шахси сироятёфта набояд маъюс ва ноумед гардад, ки яъсу ноумедӣ зиштарин ҳол назди Худованд (а) мебошад. Чунонки фармудааст: “... ва аз раҳмати Худо ноумед набошед, ба дурустӣ, ки аз раҳмати Худо ба ҷуз гуруҳи кофирон (касе) ноумед намешавад”. “Сураи “Юсуф”, ояти 87)      

       Мутаасифона, мубталои бемории Сил бисёр вақтҳо аз тарси табъиз бемории худро аз дигарон пинҳон мекунад, ки ин боиси афзоиши сирояти дигарон мегардад. Аз тарафи дигар қисмате аз сокинони кишвар, ки аз бемории Сил маълумоте надоранд, аз осебдидагон фосила мегиранд, ки ин фазои табъизро дучанд месозад.

 

      Тамизи рангу бӯ бар мо ҳаром аст,

                    Ки мо худ зодаи як навбаҳорем. И. Лоҳурӣ

 

       Бояд гуфт, ки аз ҳама роҳи осон барои рафъи табъиз ин аст, ки чеҳраҳои маъруфе, ки ба ин беморӣ гирифтор шуда ва  бар асари табобат намудан шифо ёфтаатанд, дар миёни аҳолӣ корҳои иттилоотву машваратӣ гузаронанд.

 

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад

       Бемории Сил ба худ нишонаҳо дорад, ки дар ин ҷо ном бурда мешаванд:

1. Сулфа задан то 2-3 ҳафта

2. Дарди қафаси сина

3. Нафастангӣ

4. Хунтуфкунӣ

5. Пастшавии иштиҳо

6. Камшавии вазн

7. Хаставу мондашавӣ

8. Баланшавии ҳарорати бадан

9. Арақкунии шабона

           Агар дар касе аз аъзои оила ё маҳал нишонаҳои Силро мушоҳида кунем, ё дар яке аз онҳо эҳтимоли гирифторшавиро эҳсос намоем, вазифаи мо ин аст, ки ӯро рӯҳбаланд созем, ки ҳатман шифо меёбад, то рафта аз ташхиси табиб гузарад. Дар вақти сулфа задан даҳону биниро пушондан ва дастмолро баъд аз истифода ба партовгоҳ  андохтан лозим аст. Ҳамин ки дар касе баъд аз ташхис бемории Сил ошкор шуд, рӯҳафтода нагардад ва ба Маркази силшиносӣ муроҷиат намояд, то ҳар чи зудтар худро табобат кунад.

         Агар касе ба бемории Сил ё яке аз дигар бемориҳои сироятӣ мубтало гардад ва таваккул ба Худо (а) карда, тавсияҳои табибонро напазирад ва худро табобат нанамояд, аз ӯ ситамгортар шахсе нест, зеро ҳеҷ маводи тиббии халқӣ бемории Силро даво карда наметавонад, на равғани хирс ва на равғани сағур. Бинобар ин, шахсоне, ки ба ин беморӣ гирифтор ҳастанд набояд бепарвоӣ карда, бо роҳи худмуолиҷакунӣ ҳаёти худро дар хатар гузоранд ва боиси сироятёбии дигарон гарданд.

        Дар рӯзҳои аввали таваллуд, дар таваллудхонаҳо кӯдаконро аз ваксинаи БСЖ мегузаронанд, ки ин ҳам онҳоро аз сироятёбии бемории Сил ва шаклҳои он нигоҳ медорад.     

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:12
Пешин12:40
Аср17:11
Шом19:17
Хуфтан20:47
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди сайиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди сайиди Фитр

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Муфассалтар