Асосӣ Мақолаҳо ВАҲДАТ - ОМИЛИ БАҚОИ МИЛЛАТ

ВАҲДАТ - ОМИЛИ БАҚОИ МИЛЛАТ

ВАҲДАТ - ОМИЛИ БАҚОИ МИЛЛАТ
2020-06-23
2115

Ҳамду сано ба Худованди мутаол ва дуруд ба Расули акрам (с) ва олу асҳоби ў бод.

Шукронаи неъмати истиқлолияту ваҳдат, ки имрўзҳо халқи эҷодкори мо дар рушди давлатдории миллӣ қадамҳои устувори худро гузошта истодааст. Алҳамду лиллоҳ имрўз 97% мардуми сарзамини мо дини Исломро пайравӣ менамоянд ва аҷдодони баору бономуси мо тибқи тавону истеъдоди фитрии хеш саҳми хешро дар рушду пешрафти дини мубини Ислом бо ҳарфҳои заррин навиштаанд. Халқи бузургвори мо дар тўли таърихи зиёда аз ҳазору сесадсолаи хеш таълимот ва шариати ноби исломро пазируфта дар пўсту хуну устухони хеш ҷойгузин кардааст ва касе дигар наметавонад онро аз мо ҷудо созад.

Мо тоҷикон бо вуҷуди таърихи ғанию фарҳанги оламгирамон борҳо дар айёми гардишҳои куллӣ дар интихоби арзишҳои тақдирсоз ба хатоиҳо роҳ додаем ва ҳар хатои кардаи аҷдодони мо ба завол ёфтани истиқлолият ва давлатдорӣ мусоидат кардааст. Маҳз ҳамин хатоҳое буд, ки чароғи давлатдории халқи тоҷик ба мўҳлати ҳазор сол хомўш гардид. Олимони ҷомеашинос баршумурдаанд, ки бештар аз ҳаштод тамаддунҳои инсонӣ дар масири таърих аз набуди ваҳдат, дуруст муайян накардани зиндагии мураттаб аз ахлоқи поки инсонӣ ба футур рафтаанд. Миллатҳо ва қавмҳои бешуморе ба иллати нофаҳмиҳо дар сохтмони як ҷомеаи адолатпарвар дучори фоҷиаҳо шудаанд. Ин ҳолат дар ҳофизаи таърихии халқҳову миллатҳо дар шакли асотиру афсонаҳо ва нақлу ривоятҳо боқӣ мондаанд.

Миллат ва давлате, ки ояндаи худро равшан дидан мехоҳад, бояд аз таърих сабақ бардошта, манфиатҳои миллат, давлат ва наслҳои ояндаро мадди назар бигирад. Мо халқу миллати бузургвори тоҷик, ки аз соҳибихтиёрии мардуми худ  ва бори дигар хандидани бахт ба ҷаҳониён огаҳӣ додаем, бояд аз ваҳдати миллӣ ҳимоя намуда, тухмҳои поки меҳру муҳаббатро дар қалби мардумон кишт намоем ва аз Худованди бузург илтиҷо намоем, ки моро дар ин кори хайр ҳидояту раҳнамоӣ намояд ва ба мо қудрату тавони амалӣ намудани ин нияти хайрро ато намояд.

Ваҳдате, ки дар ҷамъияти Тоҷикистон устувор шудааст, гувоҳи хиради азалиест, ки Худованд дар қалбу мағзҳои ин миллати акнун бедор ниҳода буд. Тоҷикон, шукри Худову Расули Ў (с)  ва ҳам шукри истиқлоле, ки аз сўи сарвари кишвар зина ба зина ва марҳила ба марҳила тақвият дода мешавад, муттаҳид шудаанд ва ин ҳамбастагӣ боиси хушнудии Офаридгор аст. Худованд дар ин хусус фармудааст: «Ва (Ҳамон аст, ки) миёни дилҳояшон улфат дод; агар ту ҳамаи он чиро, ки дар замин аст – якҷо харҷ мекардӣ, миёни дилҳояшон улфат намедодӣ. Валекин Худо дар миёни онҳо улфат афканд. Ба дурустӣ ки Вай Ғолиби Боҳикмат аст». («Анфол», 63).

Дар ҳадисе Пайғамбари гиромӣ (с) инсонҳоро барои дар байни худ пиёда намудани ваҳдату дўстӣ, муҳаббат ва некбинӣ амр намуда, мефармояд: «Он чизҳоеро, ки шумо барои худатон дўст медоред, агар барои дигар бародаронатон раво набинед, мўъмин нестед». (Ривояти Бухорӣ).

Дар ин ҳадис Паёмбар инсонҳоро барои дар байни худ пиёда намудани ваҳдату дўстӣ, муҳаббат ва некбинӣ амр менамояд.

Инсон узви ҷамъият ҳисоб ёфта, ба бисёр чизҳо эҳтиёҷманд аст, ки онҳоро як кас ба даст оварда наметавонад ва ҳар фард ба ёрии фарди дигар мўҳтоҷ аст.

 Дар ҳадисе омадааст: «Касе, ки дар ёрии бародари худ бошад ва эҳтиёҷоти ўро барорад, Худованд мададгори ў мебошад».

Инсони хайрхоҳ, ки ахлоқи хуб дорад, доимо кўшиш мекунад, ки мақсадаш кори нек бошад.

Шахси мусалмон бояд ҳамчун шахси инсонпарвар ба дўстию рафоқат аҳамияти махсус дода, мардумро қатъи назар аз нажоду миллаташон ба ягонагию ваҳдат даъват намояд.

Мо бояд дорои ҷамъияте бошем, ки дар он озодӣ, дўстӣ, баробарии умум ва ҳурмату эҳтиром байни одамон пурра тантана дошта бошад.

Дини мубини ислом дар мағз андар мағзи таълимоти худ андешаи ваҳдати инсонҳо ва дар як ҷомеаи поки ахлоқӣ зистани онҳоро ҳамеша талқин кардааст ва мекунад. Ҳар инсоне барои расидан ба саодат ва хушбахтӣ бояд роҳеро бипаймояд ва роҳнамое дошта бошад. Худованд дар каломи хеш ин роҳро барои мо муайян карда мефармояд:

«Ва ҳамагон даст ба ресмони Худо занед ва пароканда машавед ва аз неъмате, ки Худо бар шумо арзонӣ доштааст, ёд кунед, он ҳангом ки душмани якдигар будед ва Ў дилҳоятонро бо ҳам меҳрубон сохт ва ба лутфи Ў бародар шудед ва бар лаби чоҳе аз оташ будед, Худо шуморо аз  он бираҳонид». (Оли Имрон; 103).

Ҳамин нуктаро Мавлонои бузурвор дар ин пораи шеър хеле дурусту воқеӣ баён фармудааст:

            Давлат ҳама з-иттифоқ хезад,

            Бедавлатӣ аз нифоқ хезад…

            Ихтилоф кардан дар ҷамоати воҳид бузургтарин гуноҳ аст, ки натиҷаи он ғазаби Худованд хоҳад буд. Ин нукта дар ояти зайл низ омадааст: «Ва монанди касоне мабошед, ки баъд аз он ки ба онҳо ҳуҷҷатҳо омад, пароканда шуданд ва бо якдигар ихтилоф карданд ва он гурўҳро азоби бузург аст». (Оли Имрон; 105).

Худованд мўъминонро бародарони ҳамдигар медонад ва дастурҳои махсусе дар ин бора ба онҳо додааст. Чунончи дар ояти 10-уми сураи Ҳуҷурот мефармояд:

«Ҳамоно мўъминон бо якдигар бародаранд, пас дар миёни бародарони худ (агар бо ҳамдигар ихтилоф карданд) сулҳу оштӣ барқарор кунед ва тақво дошта бошед, то Худованд ба шумо раҳм кунад».

Ин оят робитаи мўъминонро бо якдигар ҳамчун ду бародар донистааст, ки аз он чанд нукта ба даст меояд:

1 - Ду бародар дар муқобили душман муттаҳид шуда, якдигарро кўмак мекунанд.

2 - Дўстии ду бародар амиқ аст.

3 - Имрўзҳо инсонҳо барои нишон додани дўстӣ ва рафоқати худ аз калимаҳои рафиқ, дўст, ҳамшаҳрӣ, ҳамватан ва ғайра истифода мекунанд, вале Ислом калимаи бародарро ба кор бурда аст, ки маънои амиқе дорад.

Дар ҳадисе Пайғамбар (с) дар хусуси аҳамияти ваҳдату ҳамбастагӣ чунин фармудааст: «Худованд уммати маро гумроҳ намесозад, ёриву нусрати Худованд дар ҷамоат аст, пас касе, ки танҳо шавад, дар дўзах аст». (Ривояти Тирмизӣ). Аз ин хотир, боистӣ, ки ба ваҳдат ҳамчун неъмати беҳтарини худовандӣ назар карда, на фақат онро бояд некў нигаҳ дошт, балки бо амали нек ва хислати ҳамида онро ба мероси ояндагон гузошт, ҳамон тавре  ки хиште болои хишт мениҳанд, ваҳдат низ бояд беосеб ба мерос монда шавад.

 

Ҳомидов Абдулвоҳид

мутахассиси Раёсати фатво

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:14
Пешин12:40
Аср17:14
Шом19:13
Хуфтан20:44
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар