Асосӣ Мақолаҳо Бадбин ҳама ҷо дархури нафрин бошад...

Бадбин ҳама ҷо дархури нафрин бошад...

Бадбин ҳама ҷо дархури нафрин бошад...
2020-07-24
176

Ба номи Худованди бахшанди меҳрубон

Ҳамду сано Худованди ягонаро ва дуруду салом бар Расули акрам (с) ва ёрону хонадонаш бод.

Тартибу низоми ҷомеаву давлатдорӣ вобаста аз он аст, ки чӣ навъ сиёсате аз ҷониби ҳукумат барои зиндагии мардум татбиқ мешавад ва аз сўи дигар – раъият ин сиёсатро чӣ гуна мепазирад. Агар ҳадафи ниҳоӣ пешрафт ва рифоҳи ҷамъият, одобу ахлоқ ва дину диндорӣ дар заминаи адлу дод бошад, қонунҳо ва қавоиди танзимгари муносибатҳои иҷтимоӣ бо назардошти манофеи ҳама қишрҳои ҷомеа амал кунанд, пас, ногузир рушди давлат таъмин хоҳад шуд. Ҳусайн Воизи Кошифӣ, яке аз донишмандони бузурги мо ақида доштанд, ки “мадори олам ба сиёсат аст”.

Ин мутафаккир, ки аз кори дину давлат огаҳии комил дошт,  масъулияти азими сарҷамъиву иттиҳоди қавму миллатҳоро ба уҳдаи раҳбари оқилу доно, малику султону шоҳи адолатпеша вогузор менамуд. Масалан, дар ин пораи шеър:

Агар султон нафармояд сиёсат,

Занад ҳар нокасе лофи риёсат.

Бало бар ҳам занад рўи заминро,

На давлатро бақо бошад, на динро...

Ҳамин тариқ, намунаҳои зиёде аз осори бузургони гузашта овардан мумкин аст, ки мақсади ниҳоияшон ташкили чунин зиндагие будааст, ки дар он ҳама, чи хурду бузург ва чи сағиру кабир, ба рифоҳу осоиш ва бахту саодат расида бошанд. Агар жарфтар андеша кунем, он тарзи давлатдорие, ки имрўзҳо бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст, ҳамагӣ такя бар андеша ва афкору андарзи мутафаккирону адибон ва уламои маъруфи гузашта дорад, махсусан дар пешбурди сиёсат.

Сиёсати имрўзаи давлату ҳукумат поя бар мардумнавозӣ ва баланд бардоштани сатҳу савияи зиндагии мардум дорад. Ягон барномаву нақша ва стратегияву консепсияе нест, ки дар он манфиати умум сарфи назар шуда бошад, яъне аз нигоҳи ин сиёсат ҳамин мардум аст, ки ҷомеаву давлатро ташкил додааст ва ҳар кас бояд дар ин ватан ба осудагӣ басар барад. Инак, соли 29-ум аст, ки баъди эъмори давлати нави миллӣ мардум аввал шукри Парвардигор ва баъдан шукри Раҳбари давлатро мекунанд, ки дар мамлакати озоду обод зиндагӣ мекунанд, ризқу рўзӣ меёбанд ва ҳар кас тибқи тавону имконияташ дар пешрафти давлат саҳм мегирад. Фикри муҳим ин ҷо рўҳияи мардум аст, ки ободӣ мехоҳад ва ба ояндаи аз ин ҳам ободтару зеботар бо чашми умед менигарад.

Аммо, афсўс, ки ҷомеа якхела нест, табақае ҳаст, ки ҳикояти машҳури Саъдӣ, “неш задани каждум ба сангпушт ҳангоми аз об гузаронидан”-ро ба хотир меорад. Ин табақа ҳамон бозмондаҳои ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъшудаи наҳзат, “Гурўҳи 24”, “Паймони миллӣ” ва ғайраҳо ҳастанд, ки ба таври доимӣ чун каждум ба  сару тани мардум неш мезананд ва мудом интизори табаддулоту инқилобу шўру ғавғо мебошанд.

Мақоле ҳаст, ки душмани мард ҳамонест, ки туро бад мебинад, аммо ба некиҳоят низ қоил аст. Аммо ин табақа ягон мардӣ надорад, зеро ягон пешрафт, ягон беҳбудӣ, ягон хубиеро дар Тоҷикистон намебинад ва дидан ҳам намехоҳад. Барои онҳо танҳо сари қудрат омадан, ниқор гирифтан, нақшаи хоҷагони хориҷиашонро амалӣ кардан ва фикру ақида ва равияи худро ба сар мардум зўрану маҷбуран бор кардан муҳим аст. Онҳо, махсусан, раҳбари зоҳиран “зиёиашон”, ки дар ҷаласаҳо бо иштироки намояндагони кишварҳои хориҷӣ ҳамеша аз арзишҳои инсонӣ бо ҳарорат сухан мегўяд, ҳақиқатро чашми дидан надорад, барои ў воқеияте, ки дар Тоҷикистон ҳаст, ҳақиқат нест, чунки ў ҳақиқати хоси худро дорад. Бино ба оморе, ки дигар пинҳон нест, тўли чор соли ахир беш аз се миллион доллари амрикоӣ барои раҳбари ба ном “Паймони миллӣ” ҷудо шудааст, яъне ў бояд тавре фаъолият кунад, ки минбаъд низ хоҷагонаш ўро дар сатҳи баланд маблағгузорӣ намоянд.

Аслан, то соли 2015, то замони бо Қарори Суди Олии мамлакат расман манъ шудани ҲНИ  Кабириву пайравонаш фаъолиятҳои зиёди ақидавии зиддимардумӣ мебурданд, адабиёт ва дастуру рисолаҳои даъваткунанда ба ошўбу нооромиро паҳн мекарданд, минбари чопиашон – ҳафтавори “Наҷот” ба минбари густариши афкору ақоиди шиаи дувоздаҳимомӣ табдил ёфта буд. Ба касе пинҳон нест, ки ТЭТ ҲНИ борҳо ҷавонони зиёдеро ба мадрасаҳои мазҳабии хориҷ равон намуда, ба онҳо ақидаҳои зидди мазҳабӣ ҳанафиро таълим додааст. Аксари ин ҷавонон дар ин марказҳои таълимӣ таҳсил мекарданд ва ба мазҳабҳои ба ҳанафӣ бегона гаравида буданд.

Вобаста ба ҳадафҳо ва ғояҳои ифротгароёнаи ТЭТ ҲНИ бояд ҳаминро таъкид кард, ки аз замони таъсиси ин ҳизб фаъолияти он дар давраи то зуҳури ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва баъдан, иштироки фаъоли аъзои он дар табаддулоти нокоми давлатии соли 2015, инчунин воқеаҳои мудҳиши даст доштани ин ташкилоти террористӣ дар ҳалокати сайёҳони хориҷӣ як марҳилаи томи воқеияти таърихии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Ин марҳила кам не, аз солҳои 70-уми асри гузашта то кунун аз 40 сол бештар аст. Албатта, ин вазифаи сиёсатшиносон ва мутахассисони илмҳои ҷамъиятист, ки ин равандро аз нигоҳи принсипҳои давлати демократӣ мавриди таҳқиқ қарор диҳанд, то ки барои ояндаи миллат ва кишвари Тоҷикистон дарси ибрат шавад.

Таҷрибаи чандин кишварҳое, ки дар онҳо ҳизбҳои динӣ бо номҳои гуногун ва ақидаҳои мухталиф амал мекунанд, исбот кардааст, ки ҳеҷ пешравие дар он мамолик ба «шарофат»-и он ҷунбишҳо ва ҳизбҳои дорои идеологияи гуногунақидавӣ ба вуҷуд наомадааст. Баръакс, миёни худи ин иттиҳодияҳои сиёсӣ гоҳо хушунату тазод барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ба авҷи аъло расида, дар маҷмўъ, монеаи рушди бомароми моддию маънавии он давлатҳо гардидааст.

Аз ҳама мисоли рўшан Афғонистон аст, ки тўли беш аз 40 сол мардумаш аз гирудорҳои сиёсатмадорони дорои платформаҳои мухталифи мазҳабӣ ранҷи зиёд мекашанд. Лубнон, Судону Ироқ, Сурияву Филиппин, Тунис ва бисёре аз мамолики Африқои Шимолӣ тўли солҳои зиёдест, ки ноором буда, равиши муътадили пешрафтҳои худро аз даст додаанд. Омили асосии ин навъ носозгорӣ дар муборизаи ҳизбҳои мазҳабист, ба ин маъно, ки ақаллияте бо идеологияи хосси мазҳабӣ мехоҳад мафкураи худро ба аксарият бор кунад, азбаски дар муборизаи табиӣ тавассути интихобот дасти қудрат намеёбанд, ночор роҳи муборизаи ғайриқонунӣ – бо ташкили табаддулоту шўришҳо кўшиши сари ҳокимият омадан мекунанд.

Таҷрибаи Тоҷикистон мисоли равшани ин гуна шакл гирифтани ҳодисаҳост. ТЭТ ҲНИ беш аз 40 сол дар саҳнаи сиёсати Тоҷикистон амал кард. Ҳанўз аз солҳои 70-уми асри гузашта, ба эътибори иқрори худи масъулини ин ҳизби манъшуда, наҳзатиён мавзўи сари ҳокимият омадан ва табдили низоми давлатдориро матраҳ мекарданд. Баъди анҷоми муноқишаҳои дохилӣ ин ҳизб парлумонӣ гардид, бовар надоштани халқ ба ҳизбу роҳбаронаш ва дар ҳар интихобот шумораи камтари овозҳоро ба даст овардан боис гардид, ки наҳзатиён талоши бо роҳи ҷиноят ба даст овардани қудратро намоянд. Ин буд, ки соли 2015 бо сарварии Абдуҳалим Назарзода бо тахаллуси Ҳоҷӣ Ҳалим ТЭТ ҲНИ даст ба табаддулоти давлатӣ зада, дар ниҳоят шикаст хўрд. Чунин хулоса мешавад, ки тарҳи баъзе кишварҳои хориҷӣ оид ба ташкили табаддулот тавассути неруҳои харобкори ифротӣ дар Тоҷикистон дар амал татбиқ нагардид. Наҳзатиён хостанд аз дини мубини Ислом сўистифода кунанд, чунки хоҷагони хориҷиашон ин гуна муносибатро ба онҳо ҳам бо маблағ ва ҳам бо раҳнамоиҳои маънавӣ меомўзониданд.

Роҳбарони ин ташкилоти террористӣ аз он даъво мекарданд, ки мо аз ягон кишвари хориҷӣ маблағгузорӣ намешавем ва ягон нафарро ба ин кишварҳо барои таълим нафиристодем, аммо дар фош шудани сирри хиёнаткоронаи ТЭТ ҲНИ филми мустанади «Хиёнат» нақши муҳим иҷро намуд. Муаллифон ва тарроҳони ин филм бори дигар бо санаду далелҳои раднопазир исбот намуданд, ки ин ташкилот зери сарпарастии хоҷагони хориҷиашон амал намуда, ҳадафи аслиашон бори дигар ташкил намудани ҷангу мухолифат ва ба даст овардани ҳокимият будааст. Масъалаи нақши бориз доштани бархе кишварҳои ба ном дўсту ҳамзабон ва хадамоти ҷосусии онҳо дар шиагардонии мардуми Тоҷикистон, ташкил намудани гурўҳҳои махсуси харобкор дар пойгоҳҳои низомӣ барои табаддулот, бо маблағҳои ҳангуфт фаъолият кардани наҳзатиён дар хориҷи мамлакат, миёни муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, махсусан дар Русия фаъолият кардани мубаллиғони наҳзатӣ оид ба ҷалб намудани ҷавонон ба сафи исёнкорон далелҳое ҳастанд, ки аз ҷиддӣ будани вазъият гувоҳӣ медиҳанд.

Дар урфи мардуми мо мақоле ҳаст, ки «душманат гар пашша бошад, камтар аз филаш мадон». Ин гурўҳҳо, агарчи хурд ва дар ҳар кишвари Аврупо ва Афғонистон бошанд ҳам, аммо азбаски дар миёни ҳомиёни ҳуқуқи башари ҷаҳон афкори дилсўзона ба вуҷуд меоранд, бисёр хатарноканд. Аз ин рў, ниҳодҳои дахлдори давлати Тоҷикистон бояд бо созмонҳои бонуфузи аврупоӣ робитаи мустақим дошта бошанд, ба онҳо асли мақсад ва вазъияти воқеиро фаҳмонанд.

Аз баромадҳои муғризонаи Кабирӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ маълум мегардад, ки ў ниҳоят фарди манфиатхоҳ аст. Ҳар ҷо, ки манфиате бубинад, он мамлакатро дастгирӣ мекунад ва агар набинад, маҳкум менамояд. Андешае Кабириро сахт дар ташвиш овардааст, ки чаро кишварҳои ғарбӣ ба ў ва ҳизби ў аҳаммият намедиҳанд. Ҳол он ки Кабирӣ як омили муҳимро ба инобат намегирад, ки барои кулли кишварҳои Ғарб ва хусусан минтақа Тоҷикистони осуда ва ободу пешрафта хеле муҳим аст, на он Тоҷикистоне, ки ў мехоҳад. Воқеан, барои Тоҷикистон низ ҳамкорию муомила бо ҳама яксону якхела аст. Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо изҳор намудаанд, ки дари кишвари мо барои ҳамкорӣ бо ҳама мамлакатҳо боз аст, ягон маҳдудияте нест. Аммо манфиатҳои Кабирӣ на манфиатҳои миллию мазҳабӣ, балки манфиатҳои ҳизбии ўст, ки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аллакай маълум ва мафҳум шудааст.

Фарзандони ватандўсти миллат ҳамеша дар фикри беҳбудии ватан мебошанд. Агар ба корномаҳои фарзандони сарсупурдаи миллати тоҷик назар афканем, маълум мегардад, ки дар ҳеҷ давру замон гузаштагони мо мисли аъзо ва пайравони ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзат ба сари мардум зулму ситамро ба ин дараҷа раво надидаанд. Зулму ситами наҳзатиён дар замони ҷанги шаҳрвандӣ аз ваҳшонияти ба ном «Давлати исломӣ» бештар будааст.

Дар замони ба ҳайси раиси ҳизби наҳзат интихоб гардидани Муҳиддин Кабирӣ то ин дам кирдору рафтори он чунин намудор гардида истодааст, ки нақшаву ниятҳои ў танҳо ба сарнагунии миллат ва барангехтани кинаву адовати милливу ақидавӣ равона шудааст.

Ҳама медонад, ки Кабирӣ бо чанд нафар ҳамақидаҳояш ангуштшуморанд, онҳо дар ақаллият қарор доранд ва аксарият мухолифи онҳост. Аксарияти аҳолии Тоҷикистон зиндагии тинҷу оромона ва рў ба пешрафтро аз ҷиҳати моддию маънавӣ ва дину ахлоқ мехоҳанд. Орзу мекунанд, ки  сулҳу осоиштагӣ барқарор ва озодӣ дар меҳнату кор бошад. Ободӣ бошад, касе ба каси дигар, агар хилофи қонун кор накунад, кордор набошад. Ин аст низоми зиндагӣ дар давлати демократӣ.

Шукри Худо, ки Тоҷикистон, бо мушкилиҳо бошад ҳам, аммо дар фазои тинҷиву амонӣ ва осудагии мардум пеш меравад. Аз ин неъмати бузургтаре нест. Ҳама бояд шукри ин неъматро кунанд ва даст ба ҳам бидиҳанд, чаро ки баракат дар ваҳдат аст.

Саидмукаррам Абдуқодирзода,

Раиси Шўрои уламои Маркази

исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:04
Пешин12:40
Аср17:21
Шом19:28
Хуфтан20:58
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Муфассалтар