Асосӣ Мақолаҳо НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ҶОМЕА АЗ НИГОҲИ ИСЛОМ

НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ҶОМЕА АЗ НИГОҲИ ИСЛОМ

НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ҶОМЕА АЗ НИГОҲИ ИСЛОМ
2020-10-06
384

Бидуни шак, ҷавонон дар зиндагӣ нақши муҳимро мебозанд. Худованди карим барои ҷавонон як нерeи ҷисмонӣ ва фикрие додааст, ки аз калонсолон хеле бартарӣ доранд. Агарчи калонсолон дар илму таҷриба аз онҳо пештаранд, вале ғолибан аз нигоҳи ҷисмонӣ қавӣ нестанд ва наметавонанд корҳоеро анҷом диҳанд, ки ҷавонон  метавонанд ба он даст зананд.

“Дар ҷавонӣ тавба кардан нашъаи пайғамбарист”- мегӯянд бузургони мо. Аз ин рӯ, дар ҷавонӣ ба амали неку созандагӣ машғул шудан хуб корест.

Дар пешрафти ҷомеа баланд бардоштани нерӯи зеҳнии ҷавонон нақши босазое дорад. Чун ҷавонон ояндаи миллат ҳастанд ва шаклгирии фарҳанги имрӯзаву ояндаи кишвар аз онҳо вобастагии зиёд дорад, бояд фаъолияту назарҳои онҳо мавриди тадқиқ қарор бигиранд. Аз ҳамин хотир, дар кадом рӯҳия тарбия ёфтани онҳо масъалаи муҳими фарҳангӣ ва сиёсиву иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад.

Барои ба даст овардани натиҷаҳои мусбат қабл аз ҳама ба ин қишри ҷомеа, ҳамчун насли ояндасоз ҳам аз ҷониби волидайн ва ҳам устодон бояд таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардад. Зеро камтарин “роҳнамоӣ” аз ҷониби қувваҳои иртиҷоӣ метавонад ба зеҳни ҷавонон таъсири амиқи худро гузорад.

Маҳз заифии зеҳнию ҷаҳонибинии маҳдуди ҷавонони гумроҳшуда онҳоро ба ин роҳи марговар расонидааст. Онҳо мехоҳанд ба сафи террористон гаравида, ҷони ҷавони худро баҳри мақсадҳои номушаххас қурбон созанд. Барои пешгирӣ намудани чунин каҷфаҳмиҳо бояд насли наврасро дар рӯҳияи амалҳои бошуурона, пайравӣ накардан ба амалҳои номатлуб тарбия кард.

Созмонҳои ифротгаро дар андешаи ба доми фиреб кашонидани насли наврас мебошанд, аз ҷумла- «ДИИШ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҷамоати таблиғ», «Салафия», «ТЭТ ҲНИ» ва гайраҳо. Аксарияти ин ҳаракатҳо ба дини ислом такя намуда, бо истифода аз заифии зеҳнии ҷавонон сафи ин қишри гумроҳшударо меафзоянд.

Яке аз ин ташкилотҳои террористию экстремистӣ «ҲНИТ» мебошад, ки дар ҳақиқат пайравони фиребгари он аз рӯзи таъсисёбӣ то лаҳзаи вопасин бо истифода аз номи поки дини мубини ислом ва суханони гуҳарбори Паёмбар (с) мардуми шарифи Тоҷикистонро бо ваъдаҳои дурӯғин фирефта намуда, бероҳа намуданд.

Дар асл гуфтору кирдор ва амалҳои онҳо бар хилофи гуфтаҳои Худову Расул мебошад, ки аз номи дини муқаддаси ислом ба манфиати худ истифода бурдаанд.

Зеро рафтору кирдори эшон шаҳодат медиҳад, ки онҳо дину мазҳабро танҳо барои ба даст овардани манфиату моликият ва ҳокимияту давлат истифода менамоянд. Онҳо чунон ҳарису гуруснаи пулу мол мебошанд, ки дар бисёр мавридҳо ба хотири нафсашон аз дину мазҳаби аҷдодии худ даст кашида, ба мазҳаби аҷнабиён пайравӣ мекунанд.

Ҳадафи таълимоти ислом собитқадам ва соҳибирода ба воя расонидани фарзанд мебошад.

Аз ин рӯ, мо ҷавонони ватандӯст нагузорем, ки нохалафоне ба монанди роҳбарон ва аъзоёни ТЭТ «ҲНИ» ҷавонони кишвари азизи моро ба доми худ кашида, сарзамини биҳиштосо ва вазъи орому осудаи моро ноором созанд. Халқи шарифи Тоҷикистон ба макру фиреби онҳо бовар нахоҳанд кард, зеро ҳоло ҳадафу сиришти ин равияҳо барояшон маълум аст.

Қиёмиддин Насриддинов,

сармутахассиси Кумита

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:19
Пешин12:50
Аср15:38
Шом17:41
Хуфтан19:11
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Муфассалтар