Асосӣ Мақолаҳо Ҳаёт ва фаъолияти Абдулҳайи Лакнавӣ

Ҳаёт ва фаъолияти Абдулҳайи Лакнавӣ

Ҳаёт ва фаъолияти Абдулҳайи Лакнавӣ
2021-12-23
491

       Абулҳасанот Муҳаммад Абдулҳай ибни Муҳаммад Абдулҳалим ал-Ансорӣ ал-Лакнавӣ ал-Ҳиндӣ яке аз донишмандони бузурги ҳанафимазҳаб дар соли 1848 (мутобиқ ба 1264-и ҳиҷрӣ) ба дунё омадааст. Падари эшон Муҳаммад Абдулҳалим мударриси мадрасаи Наввоб буд ва насаби Абдулҳай ба Абуайюби Ансорӣ мерасад. Гузаштагони ӯ аз Мадина ба Ҳирот, баъдан ба Лоҳур, сипас ба Деҳлӣ ва дар охир ба Лакнав омадаанд.

      Лакнавӣ дар синни 5-солагӣ дар назди Қосим Алии Лакнавӣ ба омӯзиши Қуръон шурӯъ кард. Дар синни ёздаҳсолагӣ дар шаҳри Ҷанпур (Джаунпур), ки падараш дар он ҷо муаллим буд, ба омӯзиши илмҳои динӣ шурӯъ намуд ва то синни 17-солагӣ бисёре аз илмҳои динӣ, аз қабили фиқҳ, ҳадис, усул, тафсир, адабиёт ва дигар илмҳоро фаро гирифт. 

       Абдулҳай илмҳои тиб, риёзӣ ва фалсафаро низ дар назди устодон омӯхта буд. Лакнавӣ бо истеъдоди саршоре, ки дошт, дар ҷавонӣ ба тадрис ва таълиф шуруъ кард ва ҳеҷ китобе нахонда буд, магар ин ки баъд аз хондан аз он китоб дарс мегуфт. 

     Лакнавӣ ду бор ба зиёрати хонаи Худо рафтааст, бори аввал дар синни понздаҳсолагиаш, замоне ки падараш дар мадрасаи Низомия муаллим буд, баъдан дар синни сисолагиаш сафар намудааст. Ӯ дар бораи ин ду сафар дар  китобаш “ат-Таълиқоту-с-сания” ба пуррагӣ маълумот додааст.

      Вақте ӯ аз ҳаҷ бармегардад, падараш дар Ҳайдаробод зиндагӣ мекард ва дар он ҷо қозӣ буд. Ҳангоме ки падараш вафот мекунад, ин вазифаро ба Абдулҳай пешниҳод мекунанд, аммо ӯ ин пешниҳодро намепазирад.

      Лакнавӣ дар Макка аз Зайнии Деҳлон - муфтии Макка тамоми санадҳои “ал-Ҳидоя” ва аз китобҳои ҳадис “ал-Муваттаъ”-и Муҳаммад Шайбониро аз устодонаш омӯхт. 

      Абдулҳайи Лакнавӣ китобҳое дар илми сарф, наҳв, мантиқ, фалсафа, таърих, фиқҳ, сират ва ҳадис навиштааст, ки дар маҷмӯъ ба 100 китоб мерасад. Шайх Абдулфаттоҳи Усомӣ овардааст, ки Аллома Муҳаммадзоҳиди Кавсарӣ ба Абулфаттоҳ Абуғуда супориш додааст, то китобҳои Лакнавиро мутолиа намояд. 

      Сухани донишмандон дар бораи Лакнавӣ. Абдулҳайи Ҳасанӣ Толибӣ дар бораи Лакнавӣ менависад: “Лакнавӣ дар илмҳои маъқул ва манқул мутабаҳҳир, огоҳ бар масоили шаръ ва мунфарид дар илми фатово будааст. Ҳамчунин дар усул дониши вофир доштааст ва аз аҷоиби замони мо ва бузургони Ҳиндустон буда ва тамоми уламо эътироф ба фазлаш доштаанд”.

         Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ал-Ҳанбалӣ дар бораи ӯ чунин гуфтааст: “Қалби инсон бо ҳамнишинии Лакнавӣ хушҳол мешавад, чун Лакнавӣ бар аҳодиси набавӣ мусаллат ва дар улуми мухталиф мутабаҳҳир буд”.

       Сиддиқ Ҳасанхон бо вуҷуди он, ки мухолифи Лакнавӣ аст, баъд аз шунидани марги Лакнавӣ гиря карду гуфт: “Имрӯз хуршеди илм ғуруб кард”.

        Кавсарӣ дар бораи Лакнавӣ чунин мегӯяд: “Лакнавӣ донишманди бузурги замони худ дар илми ҳадис буд”.

       Абулҳасан Надавӣ мегӯяд: “Лакнавӣ алломаи Ҳинд ва фахри ояндагон аст“. 

       Бисёре аз донишмандон Лакнавиро васф кардаанд ва доктор Валиюддини Адавӣ каломи донишмандони бузургро дар китобаш “ал-Имом Абдулҳайи Лакнавӣ” ҷамъ кардааст.

       Дидгоҳи Лакнавӣ. Абдулҳайи Лакнавӣ яке аз донишмандони бузурги ҳанафимазҳаби Ҳиндустон ва мухолифи ғайри муқаллидин (касоне, ки тақлидро аз имомони чаҳоргонаи мазҳабҳои фиқҳии аҳли суннат ҷоиз намедонанд ва ҳатто ширк меҳисобиданд) будааст. Ӯ тақлид аз имомони чаҳоргонаро воҷиб медонист. Сафар барои зиёрати турбати Паёмбар (с) аз эътиқодоти Абдулҳайи Лакнавӣ будааст. Аз ин рӯ, эшон се рисола ба унвони раддия бар касоне навиштааст, ки ба ҳаҷ рафта, вале ба зиёрати қабри Паёмбар (с) нарафтаанд. Ҳамчунин ривоятҳои зиёрати қабри Паёмбар (с)-ро саҳеҳ ё ҳасан медонад.

        Имом Абдулҳайи Лакнавӣ дар тӯли ҳаёти худ се мартаба ба бемории сахт гирифтор мешавад. Ин ҳолатҳоро шогирди эшон Муҳаммад Ҳафизуллоҳ ал-Бандавӣ чунин баён кардааст: Имоми бузург се мартаба бемор шуданд. Мартабаи аввал ин ки ҳангоми баргаштан аз ҳаҷҷи дуюм мубтало шуданд. Вақте ба ватан баргаштанд, дардашон чунон шиддат гирифт, ки ҳеҷ боварии зинда мондани эшон набуд. Ба бемории дарунравӣ гирифтор шуда буданд, ки ҳеҷ табибе давои онро наёфт, магар ин ки табиби машҳур Ҳаким Муҳаммад Боқир ӯро табобат карданд ва ӯ шифо ёфт.

         Мартабаи дуюм дар Ҳайдаробод бемор шуданд ва боз шифо ёфтанд, аммо мартабаи сеюм ӯ 27-уми декабри соли 1886 дар синни 38-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Мардум бовар надоштанд, ки ӯ вафот кардааст, зеро эшон ҳеҷ гоҳ дарди худро ошкор намекард ва пайваста дар лабонаш табассум буд. Вақте табиб аз дар баромаду огоҳ кард, ки Абдулҳайи Лакнавӣ ба ҷивори Ҳақ пайваст, ҳама чошу парешон ва бениҳоят ғамгин ба ҳар тараф рафтанд. Ва ӯро дар оромгоҳи гузаштагонаш бӯстони Мавлоно Шайх Аҳмади Анвор ал-Ҳақ ба хок супориданд.

        Муаллифи зиндагиномаи ӯ Валиюддини Надавӣ овардааст: Ба зиёрати оромгоҳи Абдулҳайи Лакнавӣ рафтам ва дар бари оромгоҳи эшон дар сангпораи сафед, яке аз шогирдонаш бо номи Абдулҳай ал-Мадорисӣ баъд аз каломи Худо ва дуруд ба Паёмбар (с) дар васфи ӯ чунин навиштааст:

أَيُّهَا الزُّوَار قِفْ وَ اِقْرَأْ عَلَى هَذَا المَزَارِ،

سُوْرَةٌ الإِخْلَاصِ وَ السَّبْعُ الْمَثَانِي و الْقُنُوْتِ.

فِيْهِ عَبْدُالْحَي مَوْلَانَا الاِمَامِ العَالَمِين،

إِنَّهُ عَلَامَةٌ فِي كُلِّ عِلٌمٍ بِثُبُوْت.

أَرَّخَ الآسِى أسياآسفا فِي فَوْتهِ،

فَاتَ عَبْدُ الْحَيِ و الْقَيُوم حَيٌّ لا يَمُوْت.

Тарҷума:

Эй зиёраткунандагон, биистед ва бар ин мазор бихонед,

Сураи Ихлос, Фотиҳа ва дуои қунутро.

Дар он (мазор) Абдулҳай мавлоямон имоми ҷаҳониён аст,

Ва ӯ алломаи тамоми илмҳо буд.

Таърих гувоҳ аст, ки гунаҳгору бегуноҳ дар маргаш афсӯс хӯрд, 

Абдулҳай вафот кард ва Қайюм (яке аз номҳои Худованд) зиндааст ва ҳаргиз намемирад. 

Осори Абдулҳайи Лакнавӣ.

      Абдулҳайи Лакнавӣ таълифоти зиёди муфид дар тамоми илмҳо навиштааст, ки аз дониши бузург, андешаи комил ва манзалати бузурги ӯ гувоҳӣ медиҳад. Ҳар ки асарҳои ӯро мутолиа намояд, дар ҳақиқат ин бузургиҳоро дарк мекунад. Дар ин маврид Абдулфаттоҳ Абуғуда чунин гуфтааст: “Аз тамоми китобҳои Лакнавӣ маълум аст, ки муаллиф онро бо як таҳқиқи илмии дақиқ навиштааст ва он асар иқтибосҳои нодирро дар бар мегирад, ҳатто муаллиф чизҳоеро дар асарҳояш ҷой додааст, ки то замони ӯ касе анҷом надода буд”.

Донишманди ҳиндӣ Сайид Сулаймон Надавӣ бар он андеша аст, ки ӯ аввалин нафарест, ки услуби наверо дар таҳқиқи китобҳо ва таълиқи он асос гузошт ва дар он ба ду чиз диққат дод:

1. Навиштани муқаддима дар саршавии китоб ва дар он доир ба тарҷумаҳои ҳоли нависанда ё шореҳ маълумот додан.

2. Дуюм ин ки ӯ дар таҳқиқи китоб ва таълиқи он нусхаҳои зиёди онро истифода мекард, то аз байни онҳо як нусхаи саҳеҳ ва таҳқиқшударо дарёбад.

       Дар адади осори ӯ андешаҳои мухталиф ҷой доранд. Дар “Муъҷаму-л-матбуоти-л-арабия” адади таълифоти ӯро ба 26 адад, донистаанд. Закӣ Муҳаммад дар “Аълому-ш-шарқия” 44 адад, Абдулҳай ал-Ҳасанӣ дар “Нузҳату-л-хавотир” 90, шогирди Лакнавӣ Муҳаммад Ҳафизуллоҳ ал-Бандавӣ 94, шогирди дигараш Муҳаммад Абдулбоқӣ 112 китоб донистааст.

          Шайх Абулҳасани Надавӣ чунин овардааст: “Адади китобҳои Алломаи Ҳинд шайх Абдулҳай ибни Абдулҳалими Лакнавӣ 110 китоб мебошанд, ки аз онҳо 86 тояш бо забони арабӣ аст”. 

        Сабаби ин ихтилофҳо дар он аст, ки худи Лакнавӣ дар баъзе осораш дар бораи худ ва китобҳояш баъзан ба ихтисор ва баъзан муфассал маълумот додааст. Дар натиҷа ҳар ки осорашро мехонад, ба хулосае меояд, ки Лакнавӣ ҳамин қадар осор таълиф кардааст. Осори дигарашро нодида мегирад.

        Бо вуҷуди ин ҳама метавонем бигӯем, ки Абдулҳайи Лакнавӣ яке аз донишмандони сермаҳсул ба ҳисоб меравад. Ӯ бо вуҷуди умри кӯтоҳ диданаш таълифоти зиёде намудааст. Инчунин баъзе аз таърихнигорон саҳван китобҳои падараш Абдулҳалими Лакнавиро ба ӯ нисбат медиҳанд. Аз ҷумла, Саркис дар “Муъҷаму-л-матбуоти-л-арабия” “ал-Баёну-т-таъҷиб фӣ шарҳи зиботату-т-тақриб” ва “ал-Қавлу-л-муҳит фимо ятааллақу би-л-иҷли-л-муаллафу ва ал-басит” аз ҷумлаи китобҳои Абдулҳайи Лакнавӣ донистааст, дар ҳоле, ки ин ду китоб ба падари ӯ Абдулҳалими Лакнавӣ тааллуқ доранд. 

         Китоби машҳури дигараш “ат-Таълиқу-л-мумаҷҷад ало Муваттаи-л-Имом Молик”: Баъзеҳо онро ҳошияе бар “ал-Муватта”-и Ибни Молик хонанд. Имом Абдулҳайи Лакнавӣ дар мавриди ин китоб чунин мегӯяд: Орзуи онро доштам, ки китоберо дар илми ҳадис шарҳ диҳам ва асрори он кушоям, то боиси ризои Паёмбарамон (с) гардад, зеро ризои ӯ ризои Парвардигори оламиён аст. Шояд, ки Худованд маро аз зумраи муҳаддисон ҳамроҳи анбиё ҳашр намояд. 

       “Зуфару-л-амонӣ фӣ Мухтасари-л-Ҷурҷонӣ”: Ин шарҳ бар “Мухтасар”-и Ҷурҷонӣ буда, дар он фавоиди илми усул ва ҳадис баррасӣ шудааст.

       “Ҳошиятун ало-т-Тавзеҳ ва-т-Талвеҳ”: Садрушшариа Убайдуллоҳ ибни Масъуд китобе дар усули фиқҳ навишт ва онро “Танқеҳу-л-усул” номид, сипас онро шарҳ дод ва “ат-Тавзеҳ фӣ ҳалли ғавомизи-т-танқеҳ” ном гузошт. Баъд аз эшон Масъуд ибни Умари Тафтозонӣ омада, бар “ат-Тавзеҳ” шарҳ навишт ва онро “Талвеҳ” номид. Лакнавӣ бошад бар китоби “ат-Талвеҳ” ҳошия навишт. 

       “Аҳкому-н-нафоис фӣ адои-л-азкор билисони-л-форис”: асари фиқҳӣ буда, Абдулҳай дар он масъалаҳоеро баён мекунад, ки ба забони форсӣ тааллуқ дорад ва дар ҷойҳои гуногуни китобҳои фиқҳӣ омадааст. Дар ин ҷо Лакнавӣ дар мавриди азон, қомат, такбир, қироати Қуръон дар намоз ва дигар масъалаҳо чун мисоли зерин баён намудааст: Агар модарам сурае аз Қуръони карим, мисол Фотиҳаро ба ман бо забони форсӣ таълим дод, пас ин дуруст аст ё не? Ё Имом дар намози ҷаноза бо забони форсӣ дуо намуд, оё ин ҷоиз аст ё не? Хулоса ҳар дуову ниёише, ки дар вақти ибодат сурат мегирад, агар он бо забони форсӣ иҷро шавад, ибодат анҷом мепазирад ё не? Абдулҳай бо такя ба осори фиқҳӣ дар ин асараш ба пуррагӣ маълумот додааст.

         “Ал-Ифсоҳ  ан шаҳодати-л-маръати фӣ-л-ирзоъ”: Ин асари фиқҳӣ аз ду фасл иборат аст. Дар фасли якум дар масъалаи ҷоиз набудани қабули қавли як зан ва шаҳодати он баъд аз ақд бар ризояти домод ё арӯс ва он чӣ ба он тааллуқ дорад. Дар ин маврид ҳадисҳо ва асарҳои зиёде аз суханони донишмандон ва далелҳои фиқҳӣ овардааст.

        Фасли дуюм дар мавриди адами шаҳодати як зан ва қавли он дар боби ризоят пеш аз никоҳ. Дар ин маврид низ далелҳои зиёди фиқҳӣ овардааст. Ба таври умум Абдулҳай дар ин асар дар мавриди ризояти зану мард дар никоҳ ва тариқи хондани хутба ва будани шоҳидону маҳрам маълумот додааст. Ин масъала низ имрӯзҳо хело доғи рӯз шудааст. Ҷавонон аз бобати нофаҳмӣ оиладорӣ ва никоҳро як чизӣ ночиз мепиндоранд. Дар андак мушкилот ҷудо шуда, боз муддате нагузашта пушаймон мешаванд. 

        “Имому-л-калом фимо ятааллақу би-л-қироати халфа-л-имом”:  Имом ин рисоларо бар се боб ва хотима тақсим намудааст. Дар боби аввал ихтилофи саҳобаро ва онҳое, ки баъд аз эшон омаданд дар масъалаи қироат аз пушти имом овардааст. Дар боби дуюм бошад далелҳои мазҳабҳои ҳанафия, шофеия ва моликиро аз Қуръони карим, суннат, иҷмоъ ва қиёс баррасӣ намудааст.

       Дар боби сеюм хулосаи таҳқиқоташро баррасӣ намуда, бар он андеша омад, ки бар муқтадӣ умуман қироат фарз нест. Дар намозҳои хуфя хондани сураи Фотиҳа мустаҳаб аст ва он тибқи мазҳаби ҳанафӣ ва моликӣ аст. Ҳарчанд ки дар мазҳаби ҳанафӣ ин далелҳо заиф ҳастанд. Дар хотима доир ба масъалаи хондани сураи Фотиҳа дар намози ҷаноза маълумот додааст.

       “Иқомату-л-ҳуҷҷа ало анна-л-иксор мина-т-тааббуд лайса бибидъа”-ро Лакнавӣ бар радди ақидаи ваҳҳобиён навиштааст. Абдулфаттоҳ Абуғуда онро таҳқиқ кардааст. Ӯ дар ин китоб менависад: Ҳеҷ вақт ашъариён ва мотуридиҳо рӯи масъалаи ихтилофӣ ҳамдигарро ба бидъат ва залолат мунтасиб накарданд, бар хилофи мутаасибони имрӯза, ки рӯйи масоили фаръӣ ва фиқҳӣ дигаронро ба бидъат ва залолат муттаҳам мекунанд. 

        “Фавоиду-л-баҳия фи-т-тароҷими-л-ҳанафия”: Лакнавӣ дар ин китоб дар мавриди зиндагӣ ва осори донишмандони ҳанафимазҳаб маълумот додааст. Ӯ ҳангоми маълумот додан дар мавриди асарҳои донишмандон дар аксар маврид таъкид кардааст, ки худаш шахсан ҳамон китобро хондааст. Ӯ дар ин тазкира дар бораи 604 фақеҳони мазҳаби ҳанафӣ ва ҳанафимазҳабони номдор дар таърих маълумот додааст. Маълумоти овардаи ӯ мухтасар ва муфид буда, дар ҷомеа барои шиносонидани бузургони мазҳаби ҳанафия ва кору пайкори эшон бисёр амри зарурӣ ва саривақтӣ мебошад.

         Дар умум тамоми осори Абдулҳайи Лакнавӣ дорои таҳқиқоти муҳкам ва далелҳои радношуданӣ буда, ҷавобеанд бар баъзе гурӯҳҳои ифротии навпайдо. Баррасӣ ва таҳлили тамоми осори ӯ дар як мақола амрест номумкин. Аз ин рӯ танҳо дар мавриди баъзе асарҳои бениҳоят арзишманди эшон як маълумоти мухтасар додему халос.

 Рамазониён Аҳтам

Бознашр аз сомонаи маркази Исломшиносӣ

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:00
Пешин12:40
Аср17:28
Шом19:29
Хуфтан20:59
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Муфассалтар