Савол № 01015

Домуллои муҳтарам, оиди рӯзаву намоз ва зикрҳои махсуси моҳи Раҷабу Шаъбон ва Рағоиб, Меъроҷ, Барот, рӯзи истифтоҳ ва ғайра маълумоти муфассалтар медодед

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Домуллои муҳтарам, оиди рӯзаву намоз ва зикрҳои махсуси моҳи Раҷабу Шаъбон ва Рағоиб, Меъроҷ, Барот, рӯзи истифтоҳ ва ғайра маълумоти муфассалтар медодед. Чунки дар баъзе ҷойҳо аҷру подошҳоеро, ки нисбати ибодатҳои хосси ин моҳҳо мехонӣ, ҳуш аз сар меравад. Шахсан худам соли чандум аст, ки ба як хулосаи дақиқ наомадаам, оё онҳоро анҷом диҳам ё на. Банда метарсад, ки ин ибодатҳоро ба қадри имкон анҷом диҳаду мабодо бидъат бошад. Аз тарафи дигар тарс дорад, ки онҳоро анҷом надиҳад ва ин аҷру савобҳо ҳақ бошанд... Умедворам, ки ҷавоби навбатии шумо бандаро қаноатманд мекунад. Қаблан сипосгузорам ва муҳтоҷи дуои неки шумоён ҳастам.

Саволдиҳанда: Абдуллоҳ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, дар китобҳои муътабари фиқҳи ҳанафӣ ҳамаи навъҳои ибодате, ки бандаи мӯъмин анҷом медиҳад, ба таври возеҳу равшан баён гардидаанд. Албатта дар бархе китобҳои фиқҳӣ, хусусан дар китобҳои ваъзу иршодӣ ривоятҳо оиди намозу рӯза ё зикрҳои хоссе дар рӯзу шабҳо ва моҳҳои хос ворид шудааст, ки бархе аз онҳо заъиф аст ва бархе дигар шояд мавзуъ ҳам бошад. Чунонки қаблан баён карда будем, аз нигоҳи фуқаҳои уммат амал кардан бо ҳадиси заъиф бо риояи шартҳои он дуруст аст. Ба таври умум ҳама шабу рӯз ва ҳама моҳ барои бандаи мӯъмин майдони амал аст, то ки дар доираи фармудаҳои шариат тоату ибодатҳои худро дуруст ва огоҳона анҷом диҳад. Бархе аҳкоми шариат фарзу воҷиб ва бархе дигар суннату мустаҳаб ҳастанд. Ҳар як ибодатро дар мақом ва мартабаи худ бояд гузошт. Агар амале ҳукми мустаҳабро дошта бошад, пас набояд ба он ҳукми воҷиб эътиқод кард. Шумо метавонед дар моҳҳои мазкур амали нофилаеро анҷом диҳед, ки дар субути он шубҳае надоред. Масалан метавонед, ки дар рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе ва ё рӯзҳои 13-ум, 14-ум ва 15-уми ин моҳҳо рӯза доред, рӯзҳо намози зуҳо (чошт) ва шабҳо намози таҳаҷҷуд гузоред. Амали андаке, ки бардавом бошад, беҳтар аст аз амали бисёре, ки идома наёбад.  Барои дарки маъно ва моҳияти бидъат андешаҳои уламои мазҳабро муфассал бояд омӯхт. Худованд ба шумо илми нофеъ ва амали солеҳ насибу рӯзӣ гардонад.        

2017-04-04
4014
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:07
Пешин12:40
Аср17:19
Шом19:17
Хуфтан20:48