Савол № 01161

Ман дар кишвари Русия қарор дорам. Нӯшокии кваси дар таркибаш 2% спиртдоштаро, ки мардуми рус онро кваси беакогол меҳисобанд, нӯшидан мумкин аст ё на?

Савол:

Ман дар кишвари Русия қарор дорам. Нӯшокии кваси дар таркибаш 2% спиртдоштаро, ки мардуми рус онро кваси беакогол меҳисобанд, нӯшидан мумкин аст ё на? Бо эҳтиром,

Саволдиҳанда: Ҳасан

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, нӯшидани нӯшокиҳои масткунанда ҳаром аст. Дар шароити имрӯза ҳар нӯшоба дорои тамғаи махсус мебошад, ки таркиби онро баён мекунад. Агар нӯшокии квас аз ҷумлаи нӯшокиҳои беалкогол ва ғайри мадҳушкунанда бошад ва зарфи он бо нӯшокиҳои ҳаром олуда набошад, нӯшидани он боке надорад. Аз назари Имом Абӯҳанифа (р)  ва Имом Абӯюсуф (р) модоме ки ба ҳадди масткунанда нарасида бошад, нӯшидани он ҳалол мебошад. (“Фиқҳи муосир”, с. 342) 

2017-05-24
4964
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:53
Пешин12:40
Аср17:25
Шом19:24
Хуфтан20:55