Савол № 01170

Бародароне, ки ба мусофиркашонӣ машғуланд, пайғомҳои мардумро аз қабили пул, ҳуҷҷат ё дигар чизҳое, ки вазнашон гарон нест, бурда ба соҳибаш мерасонанд, аммо аз он пайғоме, ки мебаранд, ҳаққашонро аз фиристандаи пайғом ё...

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародароне, ки ба мусофиркашонӣ машғуланд, пайғомҳои мардумро аз қабили пул, ҳуҷҷат ё дигар чизҳое, ки вазнашон гарон нест, бурда ба соҳибаш мерасонанд, аммо аз он пайғоме, ки мебаранд, ҳаққашонро аз фиристандаи пайғом ё гирандаи он меситонанд, 5 сомонӣ бошад ё 10 сомонӣ ё каму беш аз ин. Назари шариати Ислом дар ин бора чист?

Саволдиҳанда: Абдуллоҳ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, барои расонидани амонат гирифтани маблағе боке надорад, зеро онҳо музди кирокашиашонро мегиранд ва ҳамзамон вақт сарф мекунанд.

2017-05-25
2691
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54