Савол № 01216

Вақте инсон ба гуфтаҳои фолбин бовар кард, агар тавба кунад, тавбааш қабул мешавад?

Савол:

Вақте инсон ба гуфтаҳои фолбин бовар кард, агар тавба кунад, тавбааш қабул мешавад?

Саволдиҳанда: Акрам

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, вақте инсон аз гуноҳаш сидқан тавба кунад, умед аст, ки тавбааш пазируфта шавад, зеро Худованд ба Расулаш (с) хитоб карда, мефармояд: “Бигӯ: «Эй бандагони Ман, ки бар худ аз ҳад таҷовуз кардед, аз раҳмати Худо ноумед машавед. Ҳар оина, Худо ҳамаи гуноҳонро якҷо меомурзад; ба ростӣ ки Ӯ ҳамоно Омурзгори Меҳрубон аст”. (Сураи “Зумар” 53)

2017-06-08
4357
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:53
Пешин12:40
Аср17:25
Шом19:24
Хуфтан20:55