Савол № 01234

Дар ҳолати рӯза дандон дард кунад, оё метавоем табобат кунем?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Дар ҳолати рӯза дандон дард кунад, оё метавоем табобат кунем?

Саволдиҳанда: Муҳаммад

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, агар дар аснои рӯза дандон дард кард, метавонед онро табобат кунед, вале рӯзаро нахӯред. Пас аз моҳи Рамазон ба адади рӯзҳои табобат қазои онро аз рӯи эҳтиёт ба ҷо оваред, ин кор беҳтар аст. Расули Худо (с) фармудаанд: “Ҳар чизе дохили бадан мешавад, рӯзаро мешиканад ва ҳар чизе аз бадан хориҷ мешавад, таҳоратро мешиканад”. (“Ҳидояи шариф”, китоби савм)

2017-06-09
3676
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54