Савол № 01276

Агар муқтадӣ на баробари имом, балки пас аз ба ду тараф салом додани ӯ ба тарафи рост саломашро оғоз кунад, оё намозаш ботил (фосид) мешавад?

Савол:

Ассалому алайкум. 1. Баъзе аз суолҳоро тавре баён мекунед, ки ба ҷуз худатон ё аҳли илм каси дигар чизе намефаҳмад. Масалан оид ба фарқи ботил ва фосид шудани намоз гуфтаед: “Фарқи байни фосид ва ботил ин аст, ки дар сурати фосид шудани намоз асли он боқӣ мемонад, вале васфаш аз байн меравад. Аммо дар сурати ботил шудан ҳам асли он ва ҳам васфаш аз байн меравад”. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 12) Лутфан ба таври муфассал ва бо мисолҳо фаҳмонед, ки хонандаи одӣ чизе баҳра бардорад. 2. Агар муқтадӣ на баробари имом, балки пас аз ба ду тараф салом додани ӯ ба тарафи рост саломашро оғоз кунад, оё намозаш ботил (фосид) мешавад?

Саволдиҳанда: Муслим

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, дар сурати фосид шудани намоз асли он боқӣ мемонад, на васфаш, ба ин маъно, ки он намози фарз ба нафл мубаддал мешавад ва ҳамчун фарз адо намеёбад, аз он намоз савоб ҳосил мешавад, вале аз зимма соқит намешавад. Аммо дар сурати ботил шудани намоз на аслаш боқӣ мемонад ва на васфаш, ба ин маъно, ки он намози фарз комилан аз байн рафта, ба сурати нафл ҳам намемонад ва аз он савобе ҳам ҳосил намешавад. Дар ҳар ду сурати фосидшавӣ ва ботилшавии намоз аз сар гузоридани он лозим мегардад. Мисоли фосид шудани намоз ин аст, ки шахсе чаҳор ракъат намози фарз мегузорад ва пас аз саҷдаи ракъати охир ба ҷои нишастан саҳван бармехезад ва як ракъати дигар мегузорад. Дар ин ҳолат намоз фосид шуда, ба нафл мубаддал мегардад ва аз он савоб ҳосил мешавад. Мисоли ботил шудани намоз ин аст, ки шахсе дар намози фарз қасдан сухан мегӯяд. Дар ин ҳолат намоз ботил мешавад ва савобе аз он ҳосил намешавад.  2. Агар муқтадӣ баробари имом салом ҳам надиҳад, намозаш бидуни нуқсон дуруст мешавад.

2017-06-17
3298
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54